Исполняющий обязанности министра иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров ба суол дар бораи имкони дохил шудан ба ҳукумати нав посух дод

236
(Таҷдидшуда 19:58 17.01.2020)
Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳолодар  иҷрои вазифаҳоест, ки се рӯз пеш ба ӯ дода шуда буданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар бораи эҳтимолияти он, ки вазифаи худро дар ҳукумати нав нигоҳ хоҳад дошт, шарҳ дод.

"Шумо эҳтимолан, муддати тӯлонӣ ҳамчун журналист кор кардаистодед. Шояд шумо худатон дарк кунед. <…>  Бинед, ҳама хандиданд. Ба ман се рӯз пеш супориш дода буданд, ки уҳдадориҳоямро иҷро кунам ва ман иҷро карда истодаам ", - иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия ба саволи хабарнигорон посух дод.

Қобили зикр аст, ки ин савол ба Лавров қаблан ҳангоми сафари ӯ ба Тошканд дода шуда буд. Вай гуфт, ки пас аз хатми донишкада "на ин ки дар мансаб буд", балки  "ҳамеша вазифаҳои худро софдилона иҷро мекард" ва ҳоло ҳам чунин мекунад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 15 январ президенти Русия Владимир Путин ба Ассамблеяи федералӣ паём дод ва гуфт, ки ҷомеаи Русия ба тағирот ниёз дорад. Путин инчунин пешниҳод кард, ки ба Думаи давлатӣ ҳуқуқи тасдиқи сарвазир ва вазирон дода шавад.

Бо вуҷуди ин, вай қайд кард, ки президент ҳақ надорад номзадҳои дар Дума интихобшударо рад кунад, ба истиснои номзадҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқ.

Пас аз чанде, собиқ сарвазир Дмитрий Медведев истеъфои ҳукумати кишварро эълом кард ва рӯзи дигар Думаи давлатӣ Михаил Мишустинро ба ҳайси раиси кабинет тасдиқ кард.

Сарвазири нав, дар навбати худ, гуфт, ки дар ояндаи наздик вай рӯйхати номзадҳои навро ба кобина барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад кард.

236
Барчаспҳо:
сарвазир, вазир, Лавров, Русия
Молния

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

218
(Таҷдидшуда 18:52 07.07.2020)
Футболбози 16 - сола аз вилояти Маскавро, ҳангоми тамрин оташак зад ва ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд. Феълан ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва табибион мегӯяд ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Иван Заборовский футболбози 16 - солаи дастаи "Знамя труда" аз ҳисоби оташак сахт ҷароҳатдор шуд.

Номбурда авохири ҳафтаи гузашта ба тамрини футбол дар варзишгоҳ машғул буд, ки банохост ӯро раъду барқ зад. Иванро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд ва табибон ӯро ба беҳушкунии сунъӣ (ком) гузаронданд.

Бар хабари RT, алъон вазъи саломатии варзишгари ҷавон мӯътадил буда, пизишкон мегӯянд ба ҷони ӯ дигар хавфе таҳдид намекунад.

218
Барчаспҳо:
раъду барқ, футболбоз
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқи об шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия: ҳамагӣ 30 сол дошт

157
Шаҳрванди 30 - солаи Тоҷикистон дар Серпухова аснои шиноварӣкардан дар канал ғарқи об шудааст. Мақомоти тафтишотӣ дар Подмосковие аз ин ин ҳодиса тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Серпухова шаҳрванди Тоҷикистон ғарқи об шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бар хабари расонаҳо, ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 6 - уми июл дар минтақаи Калиновские Висилки рух додааст. Шаҳрванди 30 - солаи Тоҷикистон дар канал танҳо оббозӣ карда, ногаҳон зери об рафт ва ғарқ шуд.

КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Гурӯҳи наҷотбахшон бо дарёфт намудани ин хабар фавран ба  ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади беҷони муҳоҷири тоҷикро аз дохили об берун оварданд.

Феълан, мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот мебаранд.

157
Барчаспҳо:
ғарқ, тоҷик, шаҳрванд, Русия, Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

0
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон