Генеральный прокурор РФ Юрий Чайка

Владимир Путин хостори барканории Додситони кулли Русия шуд

416
(Таҷдидшуда 18:00 20.01.2020)
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Шӯрои Федератсия дар бораи иваз намудани Додситони кулли ин кишвар дархост равон кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пешниҳод намудааст, ки Юрий Чайка, Додситони кулли ин кишвар аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, пешниҳоди дахлдор дар ин бора ба Шӯрои Федератсияи Русия ирсол карда шудааст.

“Владимир Путин ба Шӯрои Федератсияи Русия номзадии муовини раиси Кумитаи тафтишотии Русия Игор Красновро ба мақоми Додситони кулли ин кишвар пешниҳод намудааст. Ҳамзамон, роҳбари Русия пешниҳод кард, Юрий Чайка ба хотири гузаштан ба кори дигар аз вазифаи Додситони кулли ин кишвар озод карда шавад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.

Таъкид шудааст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия номзадии Игор Краснов, муовини раиси Кумитаи тафтишотиро ба мақоми Додситони кулли ин кишвар пешниҳод намудааст.

Бояд қайд кард, ки Юрий Чайка аз соли 2006 бадин сӯ дар мақоми Додситони кулли Русия фаъолият мекард. Салоҳияти Юрий Чайка дар соли 2021 ба анҷом мерасид. Юрий Чайка аввалин мақомдори қудратӣ ба шумор меравад, ки дар натиҷаи тағйиротҳои сиёсии ахири Русия аз кор озод карда шуд.

416
Барчаспҳо:
Юрий Чайка, барканорӣ, иваз, Русия, Додситони кулл, Владимир Путин