Сбор хлопка, архивное фото

Узбакистон эълон кард ба инҳисори давлатии тиҷорати пахта хотима медиҳад

288
(Таҷдидшуда 01:10 27.01.2020)
Узбакистон, ки яке аз тавлидкунандагони аслии пахта дар ҷаҳон ба шумор меравад, ахиран эълон намудааст, ки ба инҳисори давлатии тиҷорати пахта поён медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Узбакистон қасд дорад, ба тадриҷ нақши давлат дар тиҷорати пахта ва гандумро коҳиш дода ва фурсатҳо барои ширкатҳои хусусӣ дар ин пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Миёна эҷод кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Узбакистон яке аз тавлидкунандагони аслии пахта дар ҷаҳон аст ва поёни тадриҷии инҳисори давлатӣ бар тиҷорати пахта дар ин кишвари 33 миллионнафарӣ як тағйири муҳим дар сиёсатҳои давлат ба шумор меравад.

Шавкат Мирзиёев, расиҷумҳури Узбакистон дар ҷаласаи парлумон гуфт, мардуми мо мумкин аст омодаи ин кор набошанд, аммо агар ба тадриҷ ин тағйир (дар шудан аз инҳисори давлатӣ) - ро эҷод накунем, ҳаргиз алоқамандӣ дар байни сармоягузорҳо эҷод нахоҳад шуд.

Узбакистон даҳумин содиркунандаи бузурги пахтаи дунё аст ва ин ҷумҳурии узви собиқи иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ қасд дорад ба тадриҷ содироти пахтаи хомро ба нафъи саноеи нассоҷии дохилӣ мутаваққиф кунад.

Содироти пахтаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ низ дар солҳои ахир коҳиш дошта ва нисбат ба чаҳор соли пеш тақрибан ба 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бахши аъзами тавлид ва масрафи пахтаи Осиёи Марказӣ дар ихтиёри кишвари Узбакистон аст, ки беш аз се чаҳоруми масрафи пахтаи минтақаро ба худ ихтисос медиҳад. Сиёсатҳо ва эътибороти давлатӣ муҷиби ташвиқи ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба иҷрои як чархаи таъмин якпорчатар шудааст.

Таърихчаи кишти пахта дар Осиёи Миёна ба ҳудуди 2 ҳазор соли пеш мерасад, аммо кишти ин маҳсул дар замони Шӯравӣ ба авҷ расид, ба тавре, ки ҷумҳурии сотсиалистии Узбакистон 70 дарсад аз тавлиди пахтаи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравиро ба худ ихтисос медод.

288
Барчаспҳо:
тиҷорат, инҳисор, ҷаҳон, пахта, Узбакистон