Президент Афганистана Ашраф Гани

Зиёд шудани ихтилоф миёни Ашраф Ғанӣ ва сиёсатмадорони Афғонистон дар масири сулҳ

495
(Таҷдидшуда 09:38 27.01.2020)
Ихтилофи давлати Кобул бо шахсиятҳои сиёсӣ дар бораи мавзӯи коҳиши хушунатҳо, шароити душвореро барои пешбурди раванди сулҳи ин кишвар ба вуҷуд овардааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шуморе аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон дар нишасти дирӯз (шанбе)- Кобул дар бораи раванди сулҳи ин кишвар ва эҷоди тарҳе муштарак барои чигунагии расидан ба ин муҳим табодули назар карданд, иттилоъ додааст хабаргузоории “Parstoday” дар истинод ба Тасним.

Дар ин нишаст, ки ба мизбонии Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дуввуми раиси иҷроии Афғонистон баргузор шуда буд, Ҳомид Карзай раисҷумҳури собиқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроӣ, Муҳаммадюнуси Қонунӣ муовини собиқи раисҷумҳур, Карим Халилӣ раиси Шӯрои олии сулҳ ва шуморе дигар аз сиёсатмадорони афғон дидгоҳҳои худро баён доштанд.

Абдуллоҳ дар ин нишаст бо баёни ин, ки ҳеҷ кас набояд ба далели манофеи шахсӣ монеи раванди сулҳ  шавад, хостори мушорикати фарогир дар ин раванд шуд.

Карим Халилӣ низ бо ишора ба мувофиқати "Толибон" барои коҳиши хушунатҳо гуфт, ин ба маънии коҳиши ҷанг буда ва яке аз роҳҳои усулӣ аст, ки дар ҳар музокирае барои дастёбӣ ба он талош мешавад.

495
Барчаспҳо:
ихтилоф, Ашраф Ғанӣ, кишвар, сулҳ, мақомот, Кобул, Афғонистон
Жители Узбекистана в защитных масках

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазо наздик шуд

6
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

6
Солдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото

Коронавирус низомиёни Олмонро аз хоки Афғонистон берун кашид

161
(Таҷдидшуда 03:37 05.06.2020)
Шуморе аз низомиёни олмонии мустақар дар Афғонистон ба далели гирифторӣ ба коронавирус, хоки ин кишварро тарк карданд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik.  Чаҳор низомии олмоние, ки дар фурудгоҳи Кобул карантин буданд шаҳри Мазори Шариф- маркази вилояти Балх  дар шимоли Афғонистонро ба мақсади Колон (Cologne) тарк карданд, радиои Садои Хуросон.

Дар ҳоле теъдоде аз низомиёни олмонӣ ба далели гирифторӣ ба корона аз хоки Афғонистон хориҷ шуданд, ки пеш аз ин неруи ҳавоии ин кишвар аз гирифтории бархе аз низомиёнаш ба корона хабар дода буд.

Пештар гуфта шуда буд, ки садҳо нафар аз низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико мустақар дар Афғонистон ба корона мубтало шуданд, ки ҳамин масъала боиси нигаронии мардум, мақомот ва низомиёни ин кишвар шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон то ҳол дар ҳамон сатҳест, ки аввали сол буд.

Ханс Клюге, мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бурузи дубораи коронавируси навъи нав ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вай, мавҷи дувум агар пешгирӣ нашавад, мудҳиштар хоҳад буд.

Коронавируси навъи нав бори нахуст моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ошкор шуд. Уфунат зуд аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. 

То имрӯз дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 ба бештар аз 6 миллиону 263 ҳазор расид.

Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 846 ҳазору 813 кас шифо ёфтаанд ва 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд.

161
Барчаспҳо:
мустақар, тарк, Олмон, вирус, Афғонистон