Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Интиқоди раисҷумҳур аз расонаҳо: чаро аз муваффақиятҳои иқтисодӣ кам менависед?

484
(Таҷдидшуда 19:51 31.01.2020)
Раисиҷумҳури Туркманистон бо интиқод аз фаъолияти расонаҳои ин кишвар дастур дод, муваффақиятҳои иқтисодии ин кишварро пӯшиш диҳанд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасте дар Ишқобод таҳти пӯшиш қарордодани муваффақияти барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварашро вазифаи аслии расонаҳо бавижа радио ва телевизиони Туркманистон донист, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, барномаҳои радио ва телевизиони ин кишвар воқеаҳо ва дастовардҳои Туркманистонро дар солҳои ахир нокофӣ ва номуназам пӯшиш медиҳад.

Бердимуҳаммадов дар ин нишаст Гуванч Байрам Дурдиев, мудири шабакаи фарҳанги мероси кишварашро ба хотири нотавонӣ дар анҷоми вазоиф барканор ва баҷои вай хонум Гулнора Чориеваро мансуб кард.

Раисиҷумҳури Туркманистон ба мудири ҷадиди шабакаи телевизиони фарҳангии мероси ин кишвар дастур дод, тарбияти фарзандон ва низ муаррифии арзишҳои маънавии мардуми Туркманистон ҷузъи усули зарурӣ ва мавриди таваҷҷуҳи ин шабака бошад.

Изҳороти раисиҷумҳури Туркманистон дар ҳолест, ки ин кишвар бино ба эъломи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳамвора дар солҳои ахир бадтарин кишвари ҷаҳон аз лиҳози озодии баён ва матбуот муаррифӣ шудааст.

484
Барчаспҳо:
кишвар, иқтисод, муваффақият, дастур, расонаҳо, фаъолият, Раисҷумҳур, Туркманистон
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

140
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

140
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ

Пирӯзӣ бар вируси корона?: марзҳои Ӯзбекистон аз аввали моҳи октябр боз мешаванд

161
(Таҷдидшуда 14:16 19.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлия аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Бино бар иттилои манбаъ, афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “қирмиз”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

161
Барчаспҳо:
лағв, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, марз, маҳдудият, Ӯзбекистон
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон