Куштан намехоҳам: Трамп гуфт, ки ҳарчи зудтар ба ҷанги Афғонистон хотима бахшиданист

© AFP 2023 / OLIVIER DOULIERYПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Конгреси Амрико дар бораи танишҳо дар Афғонистон гуфтааст 

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико мехоҳад ба ҷанг дар Афғонистон хотима бахшад. Доналд Трамп дар ин бора дар рафти ироаи паёми солонааш бо Конгреси Амрико гуфтааст.

Ба гуфтаи Трамп, ин нахустин таниши низомии дарозмуддате мебошад, ки ИМА дар он иштирок дорад.

"Намехоҳам ҳазорҳо мардуми бегуноҳи Афғонистонро кушам. Мо барои хотима бахшидан ба дарозтарин ҷанги Амрико кор мекунем ва мехоҳем қӯшунҳоямонро ба ватан баргардонем", - афзудааст вай.
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Суди "муомилоти аср" ба Трамп, Нетаняҳу ва  Русия дар чист?

Президент афзудааст, ки Амрико қарздор нест, ки чун қувваи амниятӣ  ба кишваре кӯмак расонад.

"Низомиёни мо аз беҳтаринҳоянд. Онҳо ё танҳо ба сӯи зафар мераванд,  ё умуман дар ҷанге иштирок намекунанд", - қайд кардааст дар анҷом вай.

Аксари амрикоиҳо ҷонибдори онанд, ки Трамп аз маснад барканор шавад

Амрико қӯшунҳояшро соли 2001 вориди Афғонистон кард. Вашингтон дар ҷумҳурӣ амалиёте бо номи  "Пирӯзии шикастнопазир", дар посух ба ҳамлаи 11 сентябри соли 2001, анҷом медиҳад.

Соли 2018 ИМА бо мақсади анҷом додан ба амалиёти ҷангӣ бо намояндагони ҳаракати "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) музокироти сулҳро оғоз кард, то тавонад қӯшунҳояшро аз хоки афғон берун кунад.

Лентаи хабарҳо
0