Португальский нападающий Ювентуса Криштиану Роналду со своей своей подругой Джорджиной Родригес. Архивное фото

Роналду ба дӯстдухтараш ҳар моҳ то 100 ҳазор евро пардохт мекунад - расонаҳо

340
(Таҷдидшуда 17:17 20.02.2020)
Футболбоз аз арӯсаш духтарчае дорад, ки соли 2017 ба дунё омадааст. Дар баробари ин ситораи футбол соҳиби се фарзанди дигар аст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳамлагари португалии дастаи "Ювентус" Криштиану Роналду ҳар моҳ ба дӯстдухтараш Ҷорҷинӣ Родригес аз 50 то 100 ҳазор евро пардохт мекунад, менависад  Eurosport бо такя ба шабакаҳои телевизионии Испания.

Футболбози 35-сола ба Родригес барои нигоҳубини фарзандон ин маблағро пардохт мекунад. Аз ин ҳисоб 8 ҳазор евроро ба Ҷорҷинӣ ширкатҳои рекламавӣ пардохт мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Ven a dormir conmigo: no haremos el amor, él nos hará. ❤️

Публикация от Georgina Rodríguez (@georginagio)

Ҷорҷинӣ Родригес - модари духтари хурдии Криштиану Алана Мартинӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 2017 ба дунё омадааст. Ин ҷуфт то ҳол ақду никоҳ набастааст.

Ҳамчунин, Роналду соҳиби се фарзанди дигар аз модарони ҷудогона мебошад - Криштиануи нӯҳсола ва дугоникҳо Ева ва Матео, ки моҳи июни соли 2017 ба дунё омадаанд.

Нашриёт хабар медиҳад, ки фақат ороишоти як дасти Ҷорҷинӣ наздики як миллион евро нарх дорад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от @euro_scope

Гаронбаҳотарини онҳо ангуштарине бо ёқути кабуд ва алмос мебошад, ки 800 ҳазор евро қиммат дорад.

340
Барчаспҳо:
Португалия, духтар, Криштиану Роналду
Президент Дональд Трамп

Намояндаи мусулмони Амрико ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп посухи тунд дод

234
(Таҷдидшуда 20:05 24.09.2020)
Намояндаи мусулмони иёлати Меннесота вокуниши тунде ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп нишон дод

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Илҳон Умар, намояндаи мусулмони иёлати Меннесота дар паёми твиттериаш ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп вокуниши тунде нишон додааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

“Нахуст кишвари ман Амрико аст ва ман яке аз аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико ҳастам, ки шуморо бозхост кард. Дувум ман дар синни ҳаштсолагӣ аз ҷанги дохилии Сомалӣ фирор кардам. Як кӯдаки ҳаштсола кишварро идора намекунад; ҳарчанд ки ту кишвари моро мисли як бачҷаи ҳаштсола идора ме‌кунӣ”, - таъкид доштааст Илҳон Умар.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Амрико ахиран ҳамлаҳои нажодпарастонае алайҳи Илҳон Умар матраҳ кард ва бо масхара кардани маҳалли таваллуди вай ба у гуфт, ки Амрико кишвари вай нест.

 Трамп дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Пенсилвания гуфт: “Ӯ  ба мо мегуяд, ки чӣ гуна кишварамонро идора кунем. Ту аз куҷо омадаӣ? Вазъияти кишвари худат чӣ гуна аст?”

Трамп дар як соли гузашта борҳо ҳамлаҳои нажодпарастонаеро ба хонуми Умар ва се зани рангинпӯсти дигари намояндаи Конгресс анҷом додаааст.

234
Барчаспҳо:
мусалмонон, намоянда, Амрико

Лукашенко ба иттиҳомот дар барои инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт

124
(Таҷдидшуда 17:21 24.09.2020)
Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд, вале аз ин маросим хабар надода буданд. Лукашенко имрӯз вокуниши бархе аз кишварҳоро дар ин робита шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко ба иттҳиомот дар бораи инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт, хабар медиҳад Sputnik Белорус.

Дар вохӯрӣ бо сафири Чин Тсуй Тсимином ӯ изҳор дошт, ки "кишвар вазифадор нест касеро аз баргузории инаугуратсия огаҳ кунад".

Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд. Ожонсии давлатии БелТА бидуни анонс хабар дод, ки Лукашенко ба президентӣ шурӯъ кард ва маросими савгандёдкунӣ дар Қасри истиқлол баргузор шуд.

Вазорати адлия гуфт дар баргузории маросим ягон қонунвайронкунӣ рух надодааст ва ҳамааш мутобиқи қавонин иҷро шудааст.

Ба гуфти Лукашенко бархе аз давлатҳо нисбати Белорус мавқеъи ғайри созандаро пеша кардаанд.

"Аҷибаш ин ки ҳамсояҳо. Ҳамсояҳо атои Худоянд, онҳоро интихоб намекунанд ва мо тақдиран бояд бо дӯстӣ ба сар барем. Вале, на ҳамеша чунин мешавад. Шумо медонед, давлатҳои ҳамсоя бахусус Полша чӣ мавқеъгирӣ кардааст", - гуфт президент ба сафири чинӣ.

Ӯ ҳадз зад, ки ҳамсояҳо муттаҳид шудаанд, ки ҳукумати Белорус "ба лаҳистониҳо, литвагиҳо, украиниҳо ва боз ба ким -киҳо" аз баргузории инаугуратсия хабар надод. Дар баробари ин раҳбари кишвар қайд кард, ки тибқи қонун, ҳукумати Минск вазифадор нест намояндгони дигар кишварҳоро аз савгандёдкунӣ хабар кунад.

"Ин кори дохилии кишвари мо аст. Нақд танҳо як аст: пинҳонӣ буд... Медонед, ба маросими савгандёдкунӣ наздики 2 ҳзаор нафар аз ҷумла низомиён даъват шуда буданд. Дар пинҳонӣ нигоҳ доштани ин номумкин аст", - изҳор дошт Лукашенко.

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо дар интихобот пирӯз шуд.

Бетартибиҳо дар ин кишвар пас аз эъломи намтоиҷи интихобот оғоз шуд, ки то кунун идома дорад.

124
Барчаспҳо:
инаугуратсия, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Белорус, Александр Лукашенко

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия