Президент США Дональд Трамп

Қатъи вуруд аз 6 давлат: Трамп минбаъд шаҳрвандони Қирғизистонро ба Амрико роҳ намедиҳад

2227
(Таҷдидшуда 16:51 21.02.2020)
Амрико аз вуруди шаҳрвандони шаш давлати дунё ҷилавгирӣ мекунанд. Далели ин тасмимро ба нуқс доштани ҳуҷҷатгузории онҳо рабт медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сар аз 22 - юми феврал муҳоҷирати шаҳрвандони Қирғизистон ба Амрико қатъиян манъ мегардад.

Қарори манъи вуруди қирғизҳо ба Амрикоро раисҷумҳури ин кишвар Доналд Трамп рӯзи 31 - уми январ ба имзо расонд.

Ҳушдори сафорати ИМА дар Душанбе аз “виза”-фурӯшӣ: қаллобонро чигуна муайян мекунанд?

Тибқи қарори ба тасвиб расида, сар аз 22 - юми феврали соли 2020, ба шаҳрвандони 6 кишвари дунё додани раводиди корӣ ва Корти сабз маҳдуд мешавад.

Амрико ин маҳдудиятро ба ҷузъ аз Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамчунин дар қиболи Эритрия, Мянма, Нигерия, Судон ва Танзания пиёда намудаст.

Раддабандии шиносномаҳои "пурқувват": Тоҷикистон чандум аст?

Гуфта мешавад, чунин маҳдудиятро Амрико ба хотири набудани чораҳои амниятӣ дар ҳуҷҷатҳои мушаххас ба назар гирифтааст.

Феълан тақдири нафароне, ки соли гузашта барои ба даст овардани Корти сабз ҳуҷҷат супорида буданд, норушан боқӣ мемонад.

2227
Барчаспҳо:
Қирғизистон, шаҳрвандон, раводид, Доналд Трамп