Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Эрон ба 12 нафар расид

© The Central Hospital of WuhanКоронавирус нового типа зарегистрирован в Китае
Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон аз афзоиши ҷонбохтагони мубтало ба маризии сироятии "коронавирус" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Эрон шумораи қурбониёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" рӯ ба афзоиш аст. Хабаргузории Ирно аз қавли намояндаи расмии Вазорати беҳдошти Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур  хабар медиҳад, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 12 тан ва теъдоди мубталоён ба 64 нафар расид.

Пустынная улица в Ухане, Китай - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад

То рӯзи якшанбе теъдоди талафоти коронавирус дар Эрон ҳашт нафар ва теъдоди мубталоён 43 нафар буд.

Зимнан, раисиҷумҳури ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ рӯзи якшанбе бо судури фармон ба вазири тандурустӣ амр дод, то аз тамоми чораҳо барои пеши роҳи паҳншавии ин маризӣ кор бигирад ва ба таври пайваста ба ӯ гузориш ироа намояд.

Шифо ёфтани 4 ҳазор бемор аз "вируси тоҷдор" дар Чин

Қобили зикр аст, ки хуруҷи коронавирус дар моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин оғоз ва зоҳиран маншаи он ҳайвонот будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 вилояти Чин ба камаш 25 кишвари дигар аз ҷумла Эрон, Амрико, Англия, Австралия,Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот сироят кардааст.

Лентаи хабарҳо
0