Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани

Як давлат ду президент: дар Афғонистон Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҷудогона савганд ёд хоҳанд кард

2394
(Таҷдидшуда 17:29 25.02.2020)
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ маросими ҷудогонаи савгандёдкунии раёсатҷумҳурӣ баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳурии феълӣ, ки Камиссиони мустақили интихобот ахиран ӯро ғолиби интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, комиссиюнеро барои баргузории маросими савгандёдкунии худаш ташкил додааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Дар муқобил, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби интихоботии Ашраф Ғанӣ, ки худро ғолиби интихоботи президентӣ медонад, дар идомаи муаррифии вилоятдорони нав барои ташкили давлати фарогираш, эълом кард, ки маросими савгандёдкунӣ баргузор хоҳад кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки бо эҷоди Камиссиюни баргузории маросими савгандёдкунӣ тавассути Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай яке аз аъзои тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси феълии иҷроии Давлати ваҳдати миллии Афғонистон ва рақиби интихоботии вай имрӯз ба расонаҳо гуфт, ки маросими таҳлифи оқои Абдуллоҳ то се рӯзи дигар дар Қасри Сипидор баргузор хоҳад шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғаниро напазируфт 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъд аз муаррифии Муҳаммаднур Раҳмонӣ ба унвони раиси вилояти нави Сарпул рӯзи якшанбе мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, узви Шурои вилоятии Ҷавзҷонро ба унвони раиси нави ин вилоят таъин кард.

Дар ҳамин ҳол, Идораи мустақили нерӯҳои маҳаллӣ дар вокуниш ба муаррифии волиҳои нав аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки эътирозҳо ва ҳаракатҳои мадании мардум ҳаққи ҳар афғон аст, аммо агар касе назари оммаро бар ҳам занад, сармояҳои миллиро бо таҳдид рубару кунад ва монеи кори идораҳои давлатӣ шавад, аз сӯи ниҳодҳои адлӣ ва қазоӣ таъқиб хоҳад шуд.

Дастаи интихоботии субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз онки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳуриро напазируфта ва давлати "Ҳама шумул"-ро эълом кард, рӯзи шанбе, ин  ҳафта Муҳаммаднур Раҳмонӣ яке аз ашхоси наздик ба генерал Абдурашид Дустумро ба унвони волии вилояти Сарпул ва Иноятхон Ҳабибӣ аз ашхоси наздик ба Муҳаммад Муҳаққиқро ба ҳайси муовини молӣ ва идории ин вилоят таъин кард.

2394
Барчаспҳо:
савгандёдкунӣ, маросими савгандёдкунӣ, буҳрон, Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ, Ғанӣ