Президент США Дональд Трамп

Майки хурдакак, ангуштатро налес: масхараи Трамп аз номзад ба раёсатҷумҳури Амрико - видео

549
(Таҷдидшуда 14:04 04.03.2020)
Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп навори питзохӯрии Майк Блумберг, номзад ба курсии президентии Амрикоро мунташир намуда, ӯро масхара кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Доналд Трамп бо нашри як наворе дар сафҳаи худ дар Твиттер, рақибашро мавриди хандахарош қарор додааст.

Дар навор Майк Блумбер номзад ба мақоми раёсатҷумҳури ин кишвар аснои маъракаи қабл аз интихоботӣ, як пора питзоро бо даст гирифта ба даҳон андохт ва сипас чаҳор ангушти худро ба навбат лесидаст.

Лаҳзаи ангуштлесии ҷаноби Блумберг наворбардорӣ ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Қодиров нақшаи Трампро дар Фаластин ва Исроил ҷинояти зидди мусалмонон хонд

Навори мазкурро Доналд Трамп президенти феълии Амрико низ дар сафҳаи худ дар Твиттер ҷо дод ва бо тамасхур зери он чунин навиштаст:

"Майки хурдакак, ангуштони чиркинатро налес. Ин ғайрисанитарӣ аст, ҳам ба худ ва ҳам ба атрофиёнат хатар дорад".

Гуфта мешавад, Майк Блумберг барои тарғиби номзадии худ ба курсии президентӣ наздики ниммиллион доллар масраф намудаст.

Ёдовар мешавем, ки дар Амрико 3 - юми ноябри соли равон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Раисҷумҳури феълӣ Доналд Трамп низ дар ин рақобат иштирок хоҳад кард.

549
Барчаспҳо:
навор, рақиб, Доналд Трамп

Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад  

470
(Таҷдидшуда 18:03 10.08.2020)
Эҳтимол, дар тирамоҳ ҷараёни беморӣ дар одамоне, ки қаблан ба коронавирус сироят нашуда буданд, назар ба онҳое, ки дар баҳору тобистон бемор буданд, шадидтар хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Академики Академияи Илмҳои Русия, Директори Пажӯҳишгоҳи Эпидемиология ва Микробиологияи Пастер, Саримунологи Санкт Петербург Арег Тотолян пешнгӯӣ кардааст, ки COVID-19 дар тирамоҳ нисбат ба баҳор мушкилтар хоҳад шуд, хабар медиҳад “Известия”.

Ба гуфтаи вай, тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна одамоне, ки ҳанӯз бемор нашудаанд, дар тирамоҳ сирояти коронавирусро аз сар мегузаронанд. Шояд бемории онҳо назар ба онҳое, ки дар баҳор ва тобистон сироят ёфтаанд, шадидтар хоҳад буд.

"Ман метарсам, ки дар тирамоҳ нисбат ба баҳор ба раванди шадидтари COVID-19 дучор шавем ва мо бояд ба он аз ҷиҳати психологӣ омода бошем”,- гуфт Тотолян.

Ба гуфтаи коршинос, инчунин маълум нест, ки омезиши тирамоҳи SARS-CoV-2, ки онро бисёр коршиносон пешгӯӣ кардаанд, чӣ гуна хоҳад буд.

Олимон сабаби фавти зиёд аз коронавирусро муайян ва роҳи пешгирӣ аз маргу мирро гуфтанд

Сардори Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дод, ки дар ин мавсими эпидемиологӣ гардиши навъҳо зуком дар назар дошта мешавад, ки дар муқоиса бо солҳои пешин мушоҳида мешавад. Русиягиҳо ҳанӯз бар зидди онҳо эм карда нашудаанд.

470

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

241
(Таҷдидшуда 15:03 10.08.2020)
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард, хабар додааст, Sputnik Белорусия.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

241
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

0
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм