Лидер ЛДПР Владимир Жириновский

Рақси ҷаззоби Жириновскийи зери мусиқии Little Big - видео

404
(Таҷдидшуда 19:23 04.03.2020)
Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи иштироки гурӯҳи Little Big дар Евровидение 2020 изҳори назар кардаст

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Сиёсатмадори рус ба ҷонибдорӣ аз номзадии онҳо ҳатто зери навои мусиқии ин гурӯҳ рақси ҷаззобе намудаст.

Навори рақси Жириновский дар сафҳаи Твиттери ӯ нашр шудаст.

"Гурӯҳи Little Big- ро барои муаррифӣ кардани Федератсияи Русия дар Евровидение - 2020 сидқан муборак мегӯям". - навиштааст зери ин навор Жириновский.

Сиёсатмадори рус аз натиҷаи бобарори  ин гурӯҳ дар мусобиқаи Евровидение - 2020 хушманд аст.

Ёдовар мешавем, ки Русияро дар Евровидение - 2020 гурӯҳи Little Big муаррифӣ мекунанд. Феълан наворҳои ин гурӯҳ дар шабакаи YouTube аз ҳама сербинанда буда, танҳо як суруди онҳо 346 миллион тамошобинро ҷамъ намудаст.

404
Вакцинация, архивное фото

Дар Русия эмкунии оммавӣ бар зидди коронавирус тирамоҳ баргузор мешавад

112
(Таҷдидшуда 19:43 02.06.2020)
Агар коркарди ваксин бомуваффақият анҷомад, дар тирамоҳ аллакай эмкунии оммавӣ шурӯъ мешавад, аммо ҳоло ҳамагон бояд бо назардошти хатарҳои сироят шудан ба ин вирус чӣ гуна зиндагӣ карданро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Русия аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, изҳор дошт муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.

"Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар  самаранокии ваксин дақиқ шавад, аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хуруҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем", - тавзеҳ додааст муовини сарвазир.

Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло  олимони рус ваксинаҳои ғайриоддии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст. 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

112
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

91
(Таҷдидшуда 19:53 02.06.2020)
Зепп Блаттер, собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ӯ бо фишори Амрико мақомашро тарк карда буд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Собиқ раҳбари  ФИФА ин нуктаро дар як мусоҳмбаи ахираш бо сомонаи  хабарии шветсарии Keystone-SDA изҳор доштаст.

Ба гуфти ӯ лаҳазоте, ки гуфтумонҳо дар бораи барканорияш аз симмати ФИФА мерафт, аз ИМА ба вай паём расид, ки бояд аз мақомаш биравад.

"Онҳо гуфтанд: "Раҳбар бояд равад!". Ман мандати худро аз даст додам ва ногаҳон системаи адлияи Амрико баррасии ФИФА-ро як созмони мафиозӣ хонд ва онро ба категорияи ҷабрдидагон супурд", - гуфт Зепп Блаттери 84-сола.

Ёдовар мешавем, Зепп Блаттер соли 2015 пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб намоянд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешуд, ки пештар 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуда буд.

Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 тули 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.

 

91

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

0
(Таҷдидшуда 21:36 02.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори табъи баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи “илтиҳоби шуш” дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии табъ будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон