Эрон аз беҳбуд ёфтани ҳолати саломатии 552 нафар аз мубталоён ба коронавирус хабар дод

878
(Таҷдидшуда 00:39 05.03.2020)
Вазорати тандурустии Эрон эълом кард, то кунун 552 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба ибтилои 2922 нафар ба вируси корона дар Эрон гуфт, мутаассифона то кунун 92 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Паҳншавии вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин, ба 81 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон гуфт, ки маризии сироятии коронавирус ба тамоми манотиқи Эрон доман задаст.

Ӯ афзудаст, ки Эрон кӯшиш мекунад, то дар ояндаи наздик бӯҳрони коронавирусро бо талафоти ҳадди ақал бартараф кунад.

Ба изҳори Руҳонӣ, феълан ин маризӣ дар тамоми минтақаҳои Эрон паҳн шудаааст ва Вазорати беҳдошти кишвар низ танҳо маълумотҳои охиринро дастраси мардум кунад.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 93 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 50 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3218 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

878
Барчаспҳо:
вирус, саломатӣ, саломатии кӯдакон, нафар, Вазорати тандурустии ҶТ, Эрон

Марги марди амрикоӣ пас аз чанд соати гирифтани ваксина

111
(Таҷдидшуда 15:28 24.01.2021)
То ҳол маълум нест, ин мард бо кадом навъи ваксина - Moderna ё Pfizer эм карда шудааст. Феълан дар сатҳи маҳаллӣ ва федеролӣ ин қазия тафтиш мешавад

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар ИМА як мард пас аз чанд соати гирифтани ваксина алайҳи коронавирус вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Як милисаи минтақаи Плейсер дар саҳифааш дар Facebook хабар дод, ки мард моҳи пеш гирифтори коронавирус шуда буд.

"Хадамоти тандурустии Плейсер округ ва шӯъбаи коронавируси дафтари округи Шериф дар бораи марг огоҳнома дарёфт карданд. Дар авохири моҳи декабр дар бадани ин мард бемории COVID-19 дарёфт шуд... Рӯзи 21 январ ин мард алайҳи коронавирус эм карда шуд ва пас аз чанд соат даргузашт", - омадааст дар хабарнома.

Қайд карда мешавад, ки фавтида, на дар идораи тандурустии шаҳр, балки дар дигар ҷой эм карда шудааст. Тафтишот дар чанд сатҳ -  маҳаллӣ ва федеролӣ гузаронида мешаванд.

Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина

Ҳанӯз маълум нест, ки шахси фавтида кадом ваксинаро гирифтааст - Moderna ё Pfizer.

111
Барчаспҳо:
мард, марг, эмгузаронӣ, вируси корона, ИМА

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

704
(Таҷдидшуда 14:28 24.01.2021)
Дар рақобати асосӣ дар доираи мусобиқаи UFC 257 Дастин Поре ғайриинтизор рақиби арландиаш Конор Макгрегорро аз пой афтонд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Қаҳрамони собиқи UFC Конор Макгрегор сарфи назар аз бохт аз Дастин Поре  бештар маблағ мегирад.

Бино ба ҳисоботи нашриёти бритонии The Independent Конор Макгрегор барои ин рақобати худ 5 миллион доллар мегирад. Бо назардошти пахшҳо (pay-per-view) гонарари ӯ метавонад то 30 миллион расад.

Дар баробари ин ба пирӯзӣ нигоҳ накарда Дастин Поре дар ин рақобати худ ҳамагӣ 1 миллион доллар кор кард. Ин бузургтарин гонорар дар фаъолияти варзишии Поре мебошад.

Қайд мешавад, ки ин ҳисоботи тахминии нашриёт аст, чун расман пуле, ки варзишкорон дар ин сабқатҳо ба даст меоранд, ошкор карда намешавад.

Мубориза байни ду ситораи UFC имрӯз, 24 январ дар "Fight Island" дар Абу-Даби баргузор шуд. Ҷанговари амрикоӣ дар даври дуввум рақиби ирландиашро аз пой афтонда, пирӯзиро аз худ кард.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Макгрегор бори аввал дар карйераи худ ба нокаут фиристода шуд. Ин мубориза реванш буд. Аз рӯи натиҷаҳои набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, Поре бо нокаути техникӣ мағлуб шуда буд.

704
Барчаспҳо:
Макгрегор, маблағ, рақобат, АМА

Омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон-видео

0
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва дигар монеаҳо Ӯзбекистон омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро идома дода истодааст

Дар Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад ва бар асоси нақша метавонад соли 2028  мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.

Феълан мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.

0
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, нерӯгоҳ, Ӯзбекистон