Президент США Дональд Трамп

Трамп: "Толибон" баъд аз хурӯҷи Амрико метавонад қудратро ба дасти худ бигиранд

480
(Таҷдидшуда 10:08 08.03.2020)
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт имкон надорад, ки Толибон қудратро ба даст бигирад, аммо “эҳтимол” вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. Доналд Трамп таъкид кардааст, ки Амрико наметавонем 20 сол дигар дар Афғонистон бимонад.

 “20 сол инҷо будаем ва аз ин кишвар муҳофизат кардаем вале наметавонем 20 соли  баъдро онҷо бошем. Онҳо дар ниҳоят бояд битавонанд аз худашон муҳофизат кунанд”, -гуфт  Трамп

Бино бар иттилои хабаргузории “Форс” Трамп, ки панҷшанбе гуфтугӯи хубе бо яке аз намояндагони  Толибон дошта буд  гуфт, ки намедонад оё давлати  Афғонистон аз тавонои дифоъ аз худаш дар баробари мухотирот хоҳад  дошт ё хайр.

 “Намедонам. Наметавонам ба ин савол посух диҳам. Бубинем чӣ пеш меояд”, - афзуд Трамп

 Ёдрас мешавем, ки 29 феврали соли равон Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон тайи маросиме дар Доҳа, пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот ва намояндагони кишварҳои мухталиф, тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, нирӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ба шарти пойбандии Толибон ба коҳиши хушунат дар Афғонистон дар 14 моҳи оянда ба таври комили ин кишварро тарк кунанд.

480
Барчаспҳо:
эҳтимол, Толибон, Амрико, Доналд Трамп

Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад  

481
(Таҷдидшуда 18:03 10.08.2020)
Эҳтимол, дар тирамоҳ ҷараёни беморӣ дар одамоне, ки қаблан ба коронавирус сироят нашуда буданд, назар ба онҳое, ки дар баҳору тобистон бемор буданд, шадидтар хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Академики Академияи Илмҳои Русия, Директори Пажӯҳишгоҳи Эпидемиология ва Микробиологияи Пастер, Саримунологи Санкт Петербург Арег Тотолян пешнгӯӣ кардааст, ки COVID-19 дар тирамоҳ нисбат ба баҳор мушкилтар хоҳад шуд, хабар медиҳад “Известия”.

Ба гуфтаи вай, тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна одамоне, ки ҳанӯз бемор нашудаанд, дар тирамоҳ сирояти коронавирусро аз сар мегузаронанд. Шояд бемории онҳо назар ба онҳое, ки дар баҳор ва тобистон сироят ёфтаанд, шадидтар хоҳад буд.

"Ман метарсам, ки дар тирамоҳ нисбат ба баҳор ба раванди шадидтари COVID-19 дучор шавем ва мо бояд ба он аз ҷиҳати психологӣ омода бошем”,- гуфт Тотолян.

Ба гуфтаи коршинос, инчунин маълум нест, ки омезиши тирамоҳи SARS-CoV-2, ки онро бисёр коршиносон пешгӯӣ кардаанд, чӣ гуна хоҳад буд.

Олимон сабаби фавти зиёд аз коронавирусро муайян ва роҳи пешгирӣ аз маргу мирро гуфтанд

Сардори Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дод, ки дар ин мавсими эпидемиологӣ гардиши навъҳо зуком дар назар дошта мешавад, ки дар муқоиса бо солҳои пешин мушоҳида мешавад. Русиягиҳо ҳанӯз бар зидди онҳо эм карда нашудаанд.

481

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

241
(Таҷдидшуда 15:03 10.08.2020)
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард, хабар додааст, Sputnik Белорусия.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

241
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

0
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм