Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото

Ду маросими алоҳидаи савгандёдкунӣ ва ду таркиш ҳангоми қасами Ашраф Ғанӣ

960
(Таҷдидшуда 13:46 10.03.2020)
Дар маркази пойтахти Афғонистон ҳангоми маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ, ки аз сӯи Комисюни марказии интихоботи Афғонистон, ғолиби интихоботи раёсатҷумҳурӣ дониста шудааст ду таркиш сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости ҳангоми маросими савгандёдкунӣ ба қасри раисҷумҳур ду мушак шилик дода шудааст. Як мушак дар наздикии меҳмонхона ва дигар дар наздикии боғи қасри раисҷумҳур мунфаҷир шуд.

Ашраф Ғанӣ меҳмонони ҷамъомадаро ором карда, гуфтааст, ки дар ҷойҳои худ бимонанд. Вай таъкид кардааст, ки омодааст барои суботи Афғонистон худро қурбонӣ кунад.

“Агар барои Афғонистон лозим бошад, ман омодаам худро қурбонӣ кунам”, -гуфт Ашраф Ғанӣ.

Сипас маросими савгандёдкунии дар қасри раисҷумҳури Афғонистон бо ҳузури садҳо нафар идома ёфт.

 Бояд қайд кард, ки рӯзи 9 марти соли равон маросими савгандёди раёсатҷумҳурии Ашраф Ғанӣ дар Арги раёсатҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд.

Ҳамзмон бо ин маросими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам барои худаш ба унвони раисиҷумҳур маросими савгандёд баргузор кардааст.

Ба гузориши ИСНА, ба муносибати баргузории ин маросим, рӯзи 9 март дар шаҳри Кобул таътили расмӣ эълом шуда буд.

Тадобири шадиди амниятӣ дар тамоми ин шаҳр гирифта шуда ва роҳҳои мунтаҳӣ ба Арги раёсатҷумҳурӣ ба рӯи рафту омади умумӣ бастааст.

960
Барчаспҳо:
таркиш, интихобот, савгандёдкунӣ, маросим, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон
Солдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото

Коронавирус низомиёни Олмонро аз хоки Афғонистон берун кашид

157
(Таҷдидшуда 03:37 05.06.2020)
Шуморе аз низомиёни олмонии мустақар дар Афғонистон ба далели гирифторӣ ба коронавирус, хоки ин кишварро тарк карданд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik.  Чаҳор низомии олмоние, ки дар фурудгоҳи Кобул карантин буданд шаҳри Мазори Шариф- маркази вилояти Балх  дар шимоли Афғонистонро ба мақсади Колон (Cologne) тарк карданд, радиои Садои Хуросон.

Дар ҳоле теъдоде аз низомиёни олмонӣ ба далели гирифторӣ ба корона аз хоки Афғонистон хориҷ шуданд, ки пеш аз ин неруи ҳавоии ин кишвар аз гирифтории бархе аз низомиёнаш ба корона хабар дода буд.

Пештар гуфта шуда буд, ки садҳо нафар аз низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико мустақар дар Афғонистон ба корона мубтало шуданд, ки ҳамин масъала боиси нигаронии мардум, мақомот ва низомиёни ин кишвар шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон то ҳол дар ҳамон сатҳест, ки аввали сол буд.

Ханс Клюге, мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бурузи дубораи коронавируси навъи нав ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вай, мавҷи дувум агар пешгирӣ нашавад, мудҳиштар хоҳад буд.

Коронавируси навъи нав бори нахуст моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ошкор шуд. Уфунат зуд аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. 

То имрӯз дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 ба бештар аз 6 миллиону 263 ҳазор расид.

Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 846 ҳазору 813 кас шифо ёфтаанд ва 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд.

157
Барчаспҳо:
мустақар, тарк, Олмон, вирус, Афғонистон

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

554
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъияти феълӣ дар роибта ба авҷи маризии коронавирус, рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъият дар робита ба маризии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Сомонаи Кремл хабар медиҳад, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия дар бораи вазъи феълӣ мулоқот баргузор намудаст.

Ба гуфтаи Путин, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ, назорат дар ҳар минтақа бояд пурзӯр карда шавад "ва дар сурати мушоҳида кардани тағйироти кӯчак дар робита ба авҷи коронавирус фавран бояд чораҷӯӣ кард".

232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз

Зимнан, раисҷумҳури Русия аз афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар манотиқи Забайкал шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар робита ба ин, Владимир Путин барои назорати вазъ дар ин манотиқ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои нав дод.

Бар  тибқи тозатарин маълумотҳо, дар Федератсияи Русия ба ҳолати 4 - уми июн 441 ҳазор дардмандони маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин маризӣ дар Русия 204 ҳазор бемор шифо ёфта, ҳамзамон 5384 нафар ҷон бохтанд.

554
Барчаспҳо:
маризон, вазъият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Учения МЧС РФ в Ростове-на-Дону

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

0
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020,  ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш  аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.

Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.

Ҷаҳиши нархи хлору ниқоб дар Суғд

 

0