Расонаҳо: Амрико ба хуруҷи низомиёнаш аз хоки Афғонистон оғоз бахшид

© AP / Hoshang HashimiВоеннослужащие США в Афганистане, архивное фото
Военнослужащие США в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишномаи таърихии сулҳ ва хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон 29 - уми феврали соли равон дар Қатар миёни Амрико, НАТО ва ҷунбиши ҳаракати Толибон ба тасвиб расид

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Амрико ба хуруҷи низомиёни ҳарбияш аз қаламрави Афғонистон шурӯъ кард, хабар медиҳад AFP. Хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон шарти асосии тасвиби созишномаи сулҳ буд, ки ахиран аз ҷониби Амрико, НАТО ва ҷангиёни Толибон ба имзо расид.

Американская техника в Ираке - Sputnik Тоҷикистон
Бомборон пас аз имзои созишномаи сулҳ: ҳамлаи ҳавоии Амрико ба мавозеи Толибон

Гуфта мешавад, бо гузашти 14 моҳ бояд ягон низомии хориҷӣ дар қаламрави Афғонистон боқӣ намонад.

Феълан, тибқи созишномаи мазкур, давоми 135 рӯз теъдоди низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар бояд ба андозаи 8,6 ҳазор ҳарбӣ коҳиш дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи сулҳ миёни Амрико, НАТО ва Толибон рӯзи 29 - уми феврал дар Қатар ба имзо расид.

Созишнома бо Толибон: ИМА дар 14 моҳ тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад

Аммо бо гузашти ҳамагӣ 2 рӯз пас аз имзои созишнома, Толибон низомиёни ватаниро ҳадафи ҳамла қарор доранд ва чанд сарбози афғонро дар наздикии марзи Тоҷикистон ба гарав гирифтанд.

Зимнан, 4 - уми март, низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон ба манотиқҳои маскуни Толибон ҳамлаи ҷавобӣ расонданд.

Қобили зикр аст, ки низомиёни Амрико пас аз ҳамалоти 11 - уми сентябри соли 2011, ба Афғонистон зада даромаданд ва акнун 20 -  сол мешавад, ки дар ин кишвари исломӣ мустақар ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0