Дарёфти ҷасади муаззин дар масҷиди Маскав

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузариш ба медиабонкМуэдзин у минарета в городе Ташкенте.
Муэдзин у минарета в городе Ташкенте. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар масҷиди таърихии пойтахти Русия ҷасади Раис Ханефаев, ки дар давоми 20 сол муаззини ин масҷид будааст, пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии хабарии шаҳри Маскав ҷасади Раис Ханефаев аз ҳудуди Масҷиди таърихии шаҳри Маскав пайдо шудааст.

Переводчик Корана Валерия Прохорова - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти мутарҷими Қуръон Валерия Порохова дар Маскав

“Ҷасади Раис Ханефаев 60-сола дар ҳудуд масҷид дар кӯчаи Болшая Татарская пайдо шуд. Дар ҷасад номбурда нишҳонаҳои зуроварӣ мушоҳида нашудааст”, хабар додааст манбаъ.

Ин маълумотро наздикони ин ходими динӣ тасдиқ карданд.

Раис Ханефеев, 12 июни соли 1959 дар деҳаи Андреевкаи вилояти Нижегородски Русия ба дунё омадааст.

Вай тули 20 соли ахир муаззини Масҷиди таърихии шаҳри Маскав буд.    

Лентаи хабарҳо
0