Трамп муваққатан вуруди аврупоиҳоро ба Амрико манъ кард

© AP / Patrick SemanskyПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарори манъи вуруди шаҳрвандони Аврупо ба ИМА дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус аз ҷониби раисҷумҳури ин кишвар Доналд Трамп роҳандозӣ шуд

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон намудаст, ки сар аз шаби рӯзи ҷумъа вуруди аврупоиҳо ба қаламрави Амрико муваққатан маҳдуд мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Трамп тасмими гирифтаи худро ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус рабт додааст. Аз маҳдудияти ҷоринамудаи Трамп танҳо шаҳрвандони Британия Кабир дар канор монданд.

"Ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди бештари мубталоёни маризии коронавирус ба Амрико, рафтуомади шаҳрванди аврупоро ба мӯҳлати 30 рӯз манъ намудем. Қарори мазкур аз шаби ҷумъа ба ҳукми қонунӣ медарояд", - афзудаст Трамп.

Ба изҳори кишвардори Амрико, шумори гирифторони ин маризӣ дар Аврупо нигаронкунанда аст, чун ҳукуматдорон сари вақт ҷилави сафари шаҳрвандонашро ба Чин нагирифтаанд.

Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон
200 миллиард доллар баҳои коронавирус: коҳиши рушди иқтисоди Осиё дар соли 2020

Аз ин рӯ, Трамп тасмими гирифтаи худро саривақтӣ ва зарур номида, гуфт, ки чунин "чораҳои сахт" сатҳи доманзании маризиро дар Амрико коҳиш медиҳад ва ахиран коронавирус "мағлуб мешавад".

Коронавирус ба Украина расид: дари макотиб баста ва чорабиниҳои оммавӣ манъ гардиданд

Бар тибқи иттилои ахир, дар Амрико 1,3 ҳазор нафар мубталои маризии сироятии коронавирус буда, аллакай 38 нафар бар асари ин беморӣ ҷон аз даст доданд.

Лентаи хабарҳо
0