Суманак, архивное фото

Каронавирус сабаби лағви ҷашнҳои Наврӯзӣ дар Қирғизистон шуд

232
(Таҷдидшуда 10:01 13.03.2020)
Мақомоти Қирғизистон эълон намудааст, ки ба далели паҳншавии коронавирус баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар ин лағв карда мешавад

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз густариши бемории коронавирус ҷашнҳои наврӯзи дар ин кишвар лағв карда мешавад, иттилоъ додааст АКИ Пресс.

Алтинай Омарбекова, муовини нахуствазири Қирғизистон гузориш додааст, ки ҷашнҳои Наврӯзи имсол барои нахустин бор баъд аз 19 сол аз истиқлоли кишвар ва озод шудани баргузории ин ҷашнҳои бостонӣ (эронӣ), ба далели густариши бемории маргбори корона ба таври муваққат дар ин кишвар таътил мешавад.

Вай ҳамчунин чанд рӯз қабл баргузории ҳама таҷаммӯот ва рӯйдодҳои фарҳангӣ, варзишии ин кишвар, ки қарор буд тайи чанд рӯз дар Бишкек  баргузор шавадро низ ба сабаби ҳамагирии ин беморӣ бавижа дар таҷаммӯот лағв карда буд.

Ин иқдоми давлати Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ, ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангии Эрон аввалин маврид аз ин даст нест, чаро, ки сухангӯи вазорати кишоварзӣ ва домдории Афғонистон низ дирӯз якшанбе гуфта буд, ки ҷашни деҳқон ва намоишгоҳи тавлидоти кишоварзӣ, ки дар рӯзи дуввуми Наврӯз дар ин кишвар баргузор мешавад, барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона лағв шуд.

232
Барчаспҳо:
ҷашн, лағв, Наврӯз, вирус, мақомот, Қирғизистон
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

207
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

207
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон
Вакцина от коронавируса

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

141
Чин мегӯяд то соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол мекунад ва ҳамаи шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила эм мекунад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди  коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард, хабар медиҳад Казинформ бо такя ба маълумоти директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй.

"Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли  ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад",- иброз намуд Чжен Чжунвэй.

Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии "дар хатти пеш" буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.

141
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1737
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1737