Коронавирус дар Аврупо ҷони беш ду ҳазор нафарро гирифт

© AGENCJA GAZETAЧеловек в защитном костюме, архивное фото
Человек в защитном костюме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи оморҳо ахир ба сабаби коронавирус то кунун марги беш аз ду ҳазор нафар дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik.  Манобеи тандурустии кишварҳои аврупоӣ эълом кардаааст, ки шумори нафарони мубтало ба коронавирус ба беш аз 47 ҳазор нафар расида  ва аз ин вирус беш аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНО.

Сотрудник фабрики сортирует защитные маски, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки хоксорона: БОР ба ҷумҳурӣ барои муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар медиҳад

Бино бар иттилои манбаъ, то кунну бар асари ин вирус 297 нафар дар Испания, 127 нафар дар Фаронса, 35 нафар дар Британия ва 20 нафар дар Нидерландия фавт карданд.

Манбаъ зикр кардааст, ки шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Аврупо аз марзи 2000 нафар убур кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бар иттилои манбаъ, вазъияти мушкил то ҳол дар Италия мушоҳида мешавад. Мақомоти италияӣ ахиран эълон доштааст, ки дар кишвар марги ҳазору 809 нафар бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Аврупоро конуни нави коронавирус эълом кардааст.

Вируси нав, мавсум ба Ковид-19 авосити моҳи декабри 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш шуд ва акнун ба тамомии нуқоти дунё сироят кардааст.

Лентаи хабарҳо
0