Худамон меорем: мақомоти Ӯзбекистон дархости Каримова барои овардани дороиҳояшро рад кард

© AFP 2023 / Amy SussmanГульнара Каримова
Гульнара Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Ӯзбекистон дархости Гулнора Каримоваро барои шахсан овардани дороиҳои дар итиёраш бударо ба ин кишвар рад кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Гулнора Каримова, духтари калонии собиқ президенти Ӯзбекистон барои иштирок дар баргардонидани дороиҳои худ, ки дар хориҷа ҷойгиранд, ягон асоси ҳуқуқӣ надорад.

Гульнара Каримова. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

 Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар додаанд.

Дар Вазорат гуфтаанд, ҳоло Прокуратураи генералӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия бо мақомоти салоҳиятдори Швейтсария, Фаронса, Русия, Латвия ва дигар кишварҳо дар масъалаи баргардонидани дороиҳои Каримова ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард доллар ба Ӯзбекистон кор кардаистодаанд.

Гуфта мешавад ин дороиҳо алакай дар ихтиёри оилаи каримоваҳо нест, чун нисбати ҳаммаи он ҳабс ҷорӣ шудааст.

Вазорати адлия ҳамчунин гуфтааст, ҳоло бо намояндагони давлатҳои дигар дар бораи баргардонидани дороиҳои Каримова ба Ӯзбекистон гуфтушунид идома дорад.

Қаблан Гулнора Каримова ба унвонии Шавкат Мирзиёев, президенти феълии Ӯзбекситон нома навишта, бар ивази сарваташ дархости озодӣ карда буд.

Гульнара Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Пулу моламро ба давлат мебахшам: мактуби Гулнора Каримова ба Шавкат Мирзиёев

Гулнора Каримова дар номаи худ изҳор карда буд, ки ба ивази озодӣ, омода аст аз баҳри пулу дороиҳои хонаводааш гузарад. Матни мактуби Гулнора Каримоваро духтари ӯ Имон Каримова дар сафҳаи худ дар Instagram ҷой додааст.

Гулнора Каримова афзудаст, ки давоми чанд соле, ки дар зиндон ба сар мебарад, вазъи саломатии ӯ бад шуда ниёз ба ду ҷарроҳии фаврӣ дорад.

"Барои ҳифзи саломатии худ ва сарҷамъии хонаводаам, омода ҳастам аз баҳри даъвоҳо барои моликияти хонаводагиямон дар бонки Швейтсария гузарам ва 686 миллион долларе, ки дар ин бонк маҳфуз аст бидуни кашмакашҳои судӣ ба фоидаи давлат ихтисос диҳам", - гуфтааст Каримова.
Ӯ аз рафти мурофиаҳои додгоҳӣ изҳори нигаронӣ намуда афзудаст, ки ҳамаи муроҷиатҳои ӯ сарфи назар мешаванд. Ба боварии Каримова, агар давлат ба пешниҳоди ӯ бархӯрди оқилона намояд, ҳатман бурд мекунад.

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералӣ тафтишоти парвандаи Гулнора Каримоваро ба анҷом расонд

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова ҳанӯз моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор дониста шуд ва 18 - уми декабри соли 2017 барои содир кардани боз як ҷинояти дигар ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Моҳи августи соли 2019 Додситони кул алайҳи духтари нахуст президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро дар сирқати маблағҳои давлатӣ ва бастани созишномаҳо бар хилофи манфиати кишвар айбдор донист.


Рӯзи 8 март Додгоҳи шаҳри Тошканд, Гулнора Каримова ро бо ҷиноятҳои марбут ба тамаъҷӯӣ, азхудкунии маблағҳои буҷа ва пулшӯӣ дар кишварҳои хориҷӣ муттаҳам дониста ба 3 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард.

Лентаи хабарҳо
0