Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш

Изҳори ҳамдардиву табрик ба Наврӯз: паёми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

318
(Таҷдидшуда 11:33 20.03.2020)
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни табрики фаро расидани Наврӯз, ҷон бохтани иддаи зиёде аз мардуми дунё бар асари ибтило ба коронавирусро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.  Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар паёме, фаро расидани Наврӯзро табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, бо вуҷуди андӯҳе, ки ҳамагирии вируси корона эҷод кардааст, ин ид ҳамоҳангӣ ва ҷашн баори башарият ба армуғон овард.

Паёми Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар сомонаи ин созмон нашр шудааст

“Имсол Наврӯз барои бисёре дар ҳолу ҳавои ғам ва изтироб оғоз мешавад ва вируси корона бар саросари дунё, аз ҷумла нуқоте, ки ин ҷашни бостониро гиромӣ медоранд, соя андохтааст”, - таъкид доштааст Гуттереш.

Бояд гуфт, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эронро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, умедвор шудааст, ки дар оянда ҳамкориҳо байни Эрону Тоҷикистон дар ҷанбаҳои мухталиф густариш ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид доштааст, ки Эрону Тоҷикистон дар оянда низ барои густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои мухталиф талош хоҳанд кард.

“Бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон беҳтарин орзуҳо ва самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани иди байналмилалии Наврӯз иброз менамоям”, - навиштааст Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон.

Дар ҳамин ҳол, бино бар асоси охиарин гузоришҳо, то кунун 221 ҳазору 917 нафар дар саросари ҷаҳон ба коронавирус мубтало шуда ва 8 ҳазору 999 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

318
Барчаспҳо:
изҳория, ҳамдардӣ, Дабири кулли СММ, СММ, табрикот, Наврӯз
Портрет лидера ИГ* Абу Бакра аль-Багдади сжигают во время демонстрации в Индии

Дар Ироқ яке аз саркардаҳои ДОИШ боздошт шуд

81
(Таҷдидшуда 17:18 20.09.2020)
Роҳбари боздоштшудаи ДОИШ дар Бағдод чанд ҳамла омода мекард ва ин дафъа мехост дар раҳпаймоии солонаи ёдбудии шиаҳо ҳамла кунад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Телевизиони Al-Sumaria дар Ироқ дар истинод ба манобеи амниятӣ гузориш медиҳад, ки дар Бағдод яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" боздошт шуд.

Бино бар иттилои расмӣ, низомиёни ироқӣ яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро камин гирифтанд.

Муайян шудааст, ки ҷангӣ мехост дар маросими Арабин - маросими солонаи ёдбуди шиаҳо дар чаҳорумин рӯзи азодории Ашӯро ҳамла оварад.

Охирҳои соли 2017 Бағдод эълом кард, ки ба ДОИШ пирӯз шудааст. Аммо артиши Ироқ бо дастгирии Эътилофи зиддитеррористии байналмилалии ва воҳидҳои мардумии низомӣ амалиёти бозҷӯии доишиёнро дар навоҳии алоҳида идома медиҳад.

Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари дигари ДОИШ хабар дод

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2020 Раёсати мубориза бо терроризми Ироқ эълон кард, ки яке аз саркардаҳои ДОИШ-ро дар Фаллуҷа дастгир кард.

81
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархӯр: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

1110
(Таҷдидшуда 17:24 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзи амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ, Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспии Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

1110
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0