ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Аз ин рӯ бояд талош варзанд то тамоми тадобири пешгирифта баҳри ҷилавгирӣ аз ин маризиро риоя кунанд.
"Имрӯз ман барои ҷавонон паём дорам: шумо фориғбол нашавед. Ин вирус метавонад якчанд ҳафта шуморо ба беморхона барад ва ё ҳатто кушад. Аз ин рӯ аз эҳтиёт кор бигиред", - илова намудаст Тедрос Адҳан Гебребс.
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид
Қобили зикр аст, ки алъон теъдоди мубталоёни коронавирус дар саросари ҷаҳон ба беш аз 270 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
То имрӯз дар Италия беш аз 4000 нафар ҷони худро аз даст доданд, кишварест, ки ҳоло аз шумораи фавтидагон аз Чин низ пеш гузаштааст. Испания 1000 маргро аз сар гузаронид ва тақрибан 25 ҳазор дардманди ин маризиро дорад.
Дар Фаронса 450 фавт аз шумораи умумии сироятёфтагон, ки 12 612ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст.
Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.
Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.
Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.
Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.
Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.
Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.
Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.
Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.
Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.
Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.
Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.
Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.
Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.
Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.
Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.
Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.
ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Дар вилояти Маскав усули ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор аз соли 2021 тағир хоҳад ёфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав.
Қоидаҳои нав аз рӯи алгоритме, ки ҳукумати Русия таҳия кардааст, амал мекунад.
Ҳоло ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ талабгоранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ташкили манзилу хӯрок, муоинаи тиббӣ пас аз будубош дар Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро таъмин кунанд.
Ташкилотҳо бояд барои ҷалби хориҷиён ба системаи иттилоотию таҳлилии "Пойгоҳи Умумироссиягии ҷойҳои кории холии" Кор дар Русия" муроҷиат кунанд.
Сарраёсати амнияти минтақавӣ дар вилояти Маскав ва Вазорати рушди иҷтимоӣ барои иҷрои тадбирҳо дар минтақаи Маскав масъуланд.
Уфа 400 муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин мекунад
Тибқи иттилои вазорат, интизор меравад, ки ба минтақаи Маскав ҳудуди 10 ҳазор муҳоҷири корӣ расанд. Онҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон кор хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Шералӣ Кабир, дар суҳбат бо рӯзномаи ҷумҳурият таъкид доштаааст, ки истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расидааст.
Вай афзуд, ки дар соли гузашта нуҳ корхона дар ҳафт кон фаъолият карда, як корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ фаъолиятро қатъ кард.
Вай қайд кард, ки истихроҷи ангишт дар ин давра беш аз ду миллион тоннаро ташкил дод.
Гуфта шудааст, ки аз ҷониби корхонаҳои соҳа 2,7 ҳазор тонна ангишт ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон содирот шуд.
Аз тарафи корхонаҳои ангишти кишвар ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ 31 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ ворид шуд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки соли 2020 аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт" якҷо бо ширкатҳои ватании "Данғара" ва ширкатҳои "Айнӣ транзит ЛТД"-и Покистон ва ширкати "Брокинг стонер"-и Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
"Ҳамчунин соли сипаришуда аз ҷумҳурӣ ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон 274,7 тонна лимӯ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 тонна зиёд мебошад", - тавзеҳ додааст Бобозода.
Соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 миллиард 406,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 232,5 миллион зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 330,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 268,7 миллион зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли сипаригашта аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 млн 13 ҳазор доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 10,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.