Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон

Ба Русия сафар доред? "Сомон эйр" аз парвоз ба Маскав хабар дод

653
(Таҷдидшуда 15:36 23.03.2020)
"Сомон эйр" аз парвози навбатӣ ба Маскав хабар дод. Танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд ба воситаи ин хатсайр сафар кунанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Сафорати Русия дар Тоҷикистон, парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Жуковский-Душанбе 24 март, соати 8:30 сурат мегирад. Аммо танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд чипта харида, савори ҳавопаймои ширкат шаванд. 

Гуфта мешавад, маълумоти бештаро метавон ба рақами  (+992) 93 777 70 34 занг зада, дақиқ кард.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 20 март фурудгоҳҳо баста ва парвозҳои байналмилалӣ қатъ гардидаанд.

 

Ин чораандеширо мақомоти кишвар барои пешгирии сирояти вируси корона роҳандозӣ карданд. Маҳдудиятҳо то 1 май ҷорӣ мешаванд. 

Сатторов: ФР ва Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ барои мусофирони дармондаро баррасӣ доранд

Ҳамчунин ширкат чанд парвози махсус ташкил намуда, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан интиқол медиҳад.

653

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

598
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

598
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

462
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

462
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ
Кобилчон Гиёев

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

233
(Таҷдидшуда 13:28 01.06.2020)
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
пресс-служба Минздрава Таджикистана
“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

233