Аҳволи Отамбоев дар мурофиаи судӣ бад шуд

© REUTERS \ Vladimir PirogovБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳомии собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфт, ки вазъи зерҳимояи вай якбора бад шудааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Аҳволи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар рафти мурофиаи судӣ бад шудааст, ки дар натиҷа мурофиаро ба таъхир андохтаанд. Дар ин бора ба Sputnik Қирғизистон ҳомии собиқ раисҷумҳур Замир Жоошев хабар додааст.

"Мурофиа субҳ оғоз шуд. Вақте додгоҳ нисфи рӯз танаффус эълон кард, Отамбоевро посбонҳо бурданд. Онҳо гуфтанд, ки аҳволи ӯ бад шудааст. Вай аз баланд шудани фишораш шикоят мекунад", - гуфтааст Жоошев.
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев и его сторонники присутствуют на встрече с журналистами в селе Кой-Таш близ Бишкека. 27 июня 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Фишорам паст аст: Отамбоев аз вазъи саломатияш ба омбудсмен шикоят намуд

Ҳамчунин, ҳомии маҳкумшаванда аллакай ба додгоҳ маълумотномаи хадамоти тиббии боздоштгоҳро дар бораи бад шудани вазъи Отамбоев супоридаст.

Ҳамин тавр мурофиаи навбатӣ ба 30 март гузаронида мешавад.

Бояд қайд кард, ки ин аввалин мурофиаи судии парвандаи ҳодисаҳои Кой - Тош аст, ки таъиноти махсуси КДАМ кӯшиши амалиёти боздошти Отамбоеваро карда буд.

Ёдрас мешавем, 7-8 августи соли гузашта нерӯҳои махсуси Қирғизистон зидди ҷонибдорони Отамбоев воситаҳои махсус истифода карданд.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
"Занг ва ваъдаи Қодиров ба Отамбоев": даъвати роҳбари Чеченистон барои шоҳидӣ
Он вақт ҷонибдорони Отамбоев аз силоҳ истифода бурда буданд ва барои ҳамин мақомот вайро дар як рӯз дастгир карда натавонистанд.

Ҳамчунин онҳо шаш низомии нерӯҳои вижаро ба асирӣ гирифтанд. Рӯзи дигар задухӯрди ҷонибҳо аз субҳ то шом идома кард ва саранҷом Отамбоев худаш ба мақомот таслим шуд. Дар миён, 136 тан маҷрӯҳ ва як низомӣ ҳалок шуданд.

Додситон: ҳукми Отамбоев танҳо дар сурати бад шудани вазъи сиҳатии ӯ тағйир меёбад

Лентаи хабарҳо
0