Медицинский работник в аэропорту в защитном костюме

Омори даҳшатбори коронавирус: дар чор рӯз бештар аз сад ҳазор бемор

527
(Таҷдидшуда 14:33 24.03.2020)
СТҶ мегӯяд, дар сар то сари ҷаҳон бештар аз 300 ҳазор сироятёфтагони вируси корона ба қайд гирфта шудаанд, аммо ҳамарӯза шумораи онҳо ба садҳо кас бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Созмони тандурустии ҷаҳонӣ эълон кард, ки пандемияи коронавирус густурдатар мешавад.

Бино бар додаҳои СТҶ дар сар то сари ҷаҳон то имрӯз бештар аз 315 ҳазор гирифторони вируси корона ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, агар сад ҳазор мариз дар 67 рӯз ба қайд гирифта шуданд, дусад ҳазори дигарро ҳамагӣ дар 11 пайдо карданд.

Нигаронкунандатарин омор дар чор рӯзи ахир аст, ки дар ин миён 100 ҳазор нафари дигарро вируси "тоҷдор" сироят кард.

Ба гуфтари роҳбари СТҶ Тедрос Гебрейесус, барои паҳншавии босуръати вируси коронаро пешгирӣ кардан, бояд дар хона нишаст.

Аммо ин танҳо чораҷӯиҳои пешгирикунанда мебошад, ки дар мубориза бо худи беморӣ робитае надоранд.

Гебрейсус боварӣ дорад, ки коронавирусро метавон дар ҳолати ҳуҷуми сахт ба он пирӯз шуд, барои ҳамин вай даъват бар он мекунад, ки ҳар як ҳодиса тафтиш шавад ва ҳар бемор аз дигарон ҷудо карда шавад.

Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ИДМ: шумори гирифторон ба 1167 нафар расид

Вай таъкид мекунад, ки карантини ҳар нафаре ки бо бемор робитаи бевосита дошт, бисёр муҳим аст.

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

527

Кудрин аз оғози мавҷи сеюми коронавирус дар Русия хабар дод

53
(Таҷдидшуда 01:24 16.01.2021)
Фарорасии соли 2021 аз соли 2020 он қадар осон нахоҳад буд, зеро мавҷи сеюми пандемияи коронавирус оғоз меёбад, гуфт роҳбари Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Алексей Кудрин

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Соли нави 2021 аз гузашта хеле осон нахоҳад буд: мавҷи сеюми пандемияи коронавирус оғоз меёбад, гуфт роҳбари Палатаи ҳисоби Русия Алексей Кудрин, менависад РИА Новости.

"Шояд он аз мавҷи дуввум заифтар нахоҳад буд ва шояд ҳатто бештар аз он", - гуфт роҳбари Палатаи Ҳисоботи Русия.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки фориғболӣ набояд кард, зеро фурсати мусоид нахоҳад буд.

Кудрин ваъда дод, ки соли 2021 ҳукумати Русия барои дастгирии иқтисод чораҳои нав меандешад.

Ҳамин тавр, тадбирҳои зиддибӯҳронии соли гузашта дар заминаи пандемияи коронавирус тамдид карда мешаванд.

Кудрин эътироф кард, ки ҳукумат дар маҷмӯъ вазъи бӯҳрониро бартараф мекунад.

Вазир умедвор аст, ки тобистони оянда сироятёбӣ ба COVID-19 пурра аз байн бурда мешавад

Аммо, дар соли 2021, ҳукуматро барои рафъи шикасти иқтисодӣ вазифаҳи зиёдтар интизор аст.

Қаблан Роҳбари Палатаи ҳисоби Русия коҳиши иқтисоди Русия ва дар пайи он коҳиши сатҳи зиндагии русҳоро пешгӯӣ карда буд.

Таъсири COVID: пайомади пандемия барои кишоварзӣ ва саноат дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи ӯ, уфти иқтисоди Русия бар асари коронавирус бештар аз он ки пешгӯӣ мешуд, поин омад.

53
Барчаспҳо:
вируси корона, Алексей Кудрин, Русия
Американский актер Питер Марк Ричман с супругой Хелен. Архивное фото

Даргузашти ҳунарманде, ки дар филми "Санта Барбара" нақши Сисиро бозид

186
(Таҷдидшуда 18:18 15.01.2021)
Ричман яке аз ҳунармандоне буд, ки дар филми машҳури бисёрсериягии "Санта Барбара" нақши Сисиро бозида буд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ Питер Марк Ричман, ки бо нақши Сиси Кэмпвелла дар сериоли "Санта Барбара" машҳур аст, вафот кард.

Дар ин бораи даргузашти ҳунарманд, The Hollywood Reporter хабар медиҳад.

Даргузашти ҳунарманди машҳур Шон Коннери

Ҳунарманд 93 сол дошт. Ӯ дар манзилаш дар Лос-Анҷелес дунёро падруд гуфт.

Ричман яке аз ҳунармандоне буд, ки дар филми машҳури бисёрсериягии "Санта Барбара" нақши Сисиро бозид.

Соли мотам: бузургони рафта дар соли 2020

"Санта Барбара" - яке аз машҳуртарин сериолҳои истеҳсоли Амрико мебошад, ки аз соли 1984 то соли 1993 тариқи шабакаи NBC намоиш дода мешуд.

Ҳамагӣ 2137 серияи ин филм рӯи экран баромадааст.

186
Барчаспҳо:
даргузашт, ИМА
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

0