Работники скорой помощи в больнице города Ухань в китайской провинции Хубэй

Ҳантавирус боз аз худ дарак дод: ҳалокати як чиноӣ пас аз гирифтор шудан ба ин вирус

2955
(Таҷдидшуда 19:57 25.03.2020)
Хабари фавти як шаҳрванди Чин бар асари гирифторӣ ба ҳантавирус корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шокӣ кард. Одамон бурузи ин маризиро дар шароити ҳозира, ки маризии коронавирус дар авҷи аъло аст, хатари дучанд ба башарият арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар қисмати ҷанубу ғарби Чин, як шаҳрванд бар асари гирифторӣ ба ҳантавирус фавтидааст, хабар медиҳад Global Times. Паҳнкунандаи ин маризӣ мушҳои саҳроӣ гуфта мешавад.

Хабари марги шаҳрванди ҷиноӣ бар асари маризии ҳантавирус, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро нигарон намудаст.

Онҳо аз он бим доранд, ки ин маризӣ низ аз одам ба одам гузашта, ба як маризии қавӣ мубаддал мегардад ва дар пасманзари пандемияи коронавирус зарбаи дукарата ба инсоният мерасонад.

Чин ба Қирғизистон дар робита ба мубориза алайҳи коронавирус баҳои мусбат дод

Манбаъ меафзояд, Тян ном коргари оддӣ аснои ба кор рафтан дар дохили автобус бо 29 мусофир дар нимароҳ бетоб мешавад.

Ӯро фавран ба бемористон интиқол доданд, вале бо гузашти ҳамагӣ ду рӯз Тян вафот кард. Муаян гардидаст, ки марҳум дардманди маризии ҳантавирус будааст.

Феълан ҳамаи мусофироне, ки дар автобус ҳамроҳ бо ӯ буданд, зери назорати табибон қарор доранд. Алъон натиҷаи ниҳоии ташхиси онҳо низ номаълум аст.

Ҳантавирус вируси нав набуда, дар давоми ҷанги Корея солҳои 1950-1953, зиёда аз 3000 сарбози Корея ва Амрико ба ин вирус гирифтор шуда, 10 дарсади онҳо вафот кардаанд. Сабаби баъд аз чоряк аср баъд кашф шудани ин беморӣ, мавҷудияти он дар ҷисми мушҳои саҳроӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, вирусшиноси донишгоҳи Вуҳан Ян Чжансо, эҳтимолияти сироят ёфтани мусофирони автобус ба ин маризӣ инкор мекунад. Ба изҳори ин олим, ҳантавирус мисли коронавирус аз одам ба одам намегузарад.

Инсон дар сурати робита доштан бо мушҳо ва ё истеъмоли хӯроке, ки таъсири муш ба он расида бошад, метавонад ба ин маризӣ гирифтор шавад.

Вирусшиноси  чинӣ  изҳор дошт, ки дар Чин  аллакай бар зидди ин маризӣ ваксин мавҷуд аст.

2955