Бригада скорой медицинской помощи доставили пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке.

Бо беморони коронавирус робита доштанд: карантини чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Алмато

1118
(Таҷдидшуда 20:47 25.03.2020)
Дар яке аз бемористонҳои Алмато чанд шаҳрванди Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз коронавирус ба карантин фаро гирифтанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон якҷо бо чанд шаҳрванди дигари кишварҳои Осиёи Миёна дар Қазоқистон ба карантин фаро гирифта шудаанд, гузориш медиҳанд расонаҳои кишвар.

Гуфта мешавад, дар бемористони мазкур ҳамагӣ 222 нафар карантин карда шудаанд. Байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳастанд.

Яке аз пизишкони бемористони мазкур гуфтааст, ки "дар  ҳолати исрорӣ кор мекунем ва нафарони дар карантин бударо зеро назорати шадид гирифтаем, то аз нишонаҳои беморӣ бехабар намонем".

Ҳамаи онҳо нафароне мебошанд, ки бо шахсони бемори коронавирус робита доштанд. Феълан, тестҳо натиҷаи манфӣ нишон медиҳанд ва нишонаҳои беморӣ низ дида намешавад.

31 нафарашон дар шӯъбаи сироятӣ: дар Кӯлоб муҳоҷирони баргаштаро ба карантин фиристоданд

Пизишкон мегӯянд, ки шароити нигоҳдории шаҳрвандон хуб аст ва касе шикоят надорад.

1118