Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото

СММ хостори лағви таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд

348
(Таҷдидшуда 12:31 26.03.2020)
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз кишварҳо хост, таҳримҳоро аз Эрон бекор намоянд ва дар мубориза ва бо коронавирус бо ин кишвар ҳамкорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дабири кулли Созмони Миллал аз зарурати бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ва Венесуэла эълом кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ аз кишварҳои узви ин созмон хостааст, ки тасҳилоти лозимро барои талошҳои Эрон дар ин замони ҳаётӣ фароҳам созанд.

Гутерриш дар суҳбати телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон изҳор доштааст, ки ӯ аз мушкилоти ирсоли таҷҳизот ва лавозими пизишкӣ барои Эрон нисбат ба дигар кишварҳо, огоҳ аст. 

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Миллал рӯзи сешанбе дар замони шуюи коронавирус дар баёнияе хостори бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон шуд.  

Дар ҳафтаҳои ахир ба дунболи шуюи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, ниҳодҳои байналмиллалӣ ва шумори зиёде аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори бекор кардани  таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.  

Таҳримҳои якҷонибаи Амрико, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронавирус шудааст.  

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ахиран таъкид кард, ки барои бекор кардани таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон мухолиф аст.

348
Барчаспҳо:
Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкорӣ, вирус, Эрон, таҳрим, СММ
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

4
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

4
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

218
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

218
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор