Официантка, архивное фото

Фаъолияти тарабхонаву қаҳвахонаҳо дар Маскав маҳдуд мешавад

116
(Таҷдидшуда 16:52 26.03.2020)
Интизор меравад, сар аз ҳафтаи оянда фаъолияти тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва инчунин ошхонаҳо дар сартосари Маскав манъ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Бар тибқи қарори қабулгардида, дар Маскав сар аз 28 - уми март фаъолияти талабхонаву қаҳвахонаҳо маҳдуд карда мешавад. Эҳтимол меравад, қаҳвахонаву тарабхонаҳо танҳо хизматрасонии дастрас кардани хӯроки фармоиширо ба ҷо меоранду халос.

Тариф овардани мизоҷон ба тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва қабули онҳо аз ҷониби роҳбарияти ин муассисаҳо комилан манъ гардидааст.

Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон

Чунин тасмимгирӣ ба хотири хуруҷи маризии сирояти коронавирус дар Русия ва бахусус дар шаҳри Маскав гирифта шудааст.

Чун дар Русия теъдоди нафарони мубталошуда ба коронавирус, дар як шабонарӯз ба 182 ҳолат афзоиш ёфтааст.

Феълан, дар қаламрави Русия дасти  кам 840 нафар ба маризии коронавирус мубтало гардидаанд. Ҳамзамон пизишкон аз шифо ёфтани 36 бемор хабар медиҳанд.

116
Барчаспҳо:
қаҳвахона, Маскав

Лукашенко Лукашенкоро аз мансабаш барканор кард

239
(Таҷдидшуда 18:55 26.02.2021)
Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки дар дастгоҳи президенти Беларус тағйироти кадрӣ анҷом диҳад ва писарашро аз вазифа сабукдӯш кунад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Писари калонии президенти Беларус, Виктор Лукашенко роҳбари Кумитаи миллии олимпии кишвар таъйин шуд, хабар медиҳад БелТА.

Бояд қайд кард, ки Виктор Александрович вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллиро ба ӯҳда дорад.

Тибқи изҳороти президенти Беларус, дар робита ба таъйиноти нав, писари калониаш аз вазифаи ёрдамчии президент барканор карда мешавад.

"Имрӯз вай бо тамоми оқибатҳои минбаъда аз вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллӣ озод карда мешавад", - гуфт президенти Беларус.

Писари калони Александр Лукашенко Виктор 28 ноябри соли 1975 таваллуд шудааст. Вай дар қисми махсуси нерӯҳои марзбонӣ хидмат кардааст.

Ӯ қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ, аз соли 2005 ба ҳайси ёвари президент оид ба амнияти миллӣ корро оғоз карда, пас аз ду сол ба Шӯрои амнияти Беларус таъйин шуд. Аз соли 2019, ӯ ноиби президенти КМО буд ва ҳамакнун раҳбари он гардид.

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

Бародари ӯ, Дмитрий Лукашенко, мансаби раиси шӯрои марказии иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҷамъиятии "Клуби варзишии президентӣ" -ро дорад ва узви КМО Беларус мебошад.

Писари хурдии Лукашенко Николай 31 августи соли 2004 бидуни никоҳ таваллуд шудааст.

Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

Вай дар литсейи Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил карда, пас аз нооромиҳо дар кишвар ба муассисаи таълимии Маскав интиқол дода шудааст.

239
Барчаспҳо:
КМО, мансаб, Александр Лукашенко, Беларус
Президент Белоруссии Александр Лукашенко (справа) со своими сыновьями Виктором, Николаем и Дмитрием (слева направо)

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

438
(Таҷдидшуда 17:43 26.02.2021)
Президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавзӯи ҳассоси интиқоли қудрат дар кишвар ва ба яке аз писаронаш додани вазифаи сарвари давлат дахл кард

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Пас аз он ки писари Лукашенко вазифаи нав гирифт, дар саросари кишвар овозаҳо паҳн карданд, ки Александр Лукашенко қасд дорад қудратро дар кишвар ба ихтиёри яке аз наздиконаш гузорад.

Александр Лукашенко ин гуна тахминҳоро ба таври дағалона шарҳ дод.

"Ман бисёр вақт мегуфтам, ки ин ҳеҷ гоҳ дар оилаи мо баррасӣ нашудааст ва онро муҳокима кардан мумкин нест. Азбаски пас аз ман ҳеҷ яке аз фарзандони ман дар Беларус президент нахоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко пеш аз интихоби роҳбарияти Кумитаи милии олимпӣ, хабар медиҳад БЕЛТА.

Ёдовар мешавем, ки писари калонии президент Виктор Лукашенко ба ҳайси ёвари сарвари давлат ва аз 26 феврал раҳбари Кумитаи миллии олимпии Беларус аст.

Бисёриҳо бар онанд, ки номзади беҳтарин барои мақоми президенти оянда писари хурдии Лукашенко аст.

Николай дар байни занони Беларус маҳбуб аст.
Ғайр аз ин, Александр Лукашенко дар синни 12-солагӣ сар карда карда писарро бо худ ба ҳама чорабиниҳои муҳим мебарад.

Лукашенко: каме дар курсии раисҷумҳури Беларус зиёдтар нишастам

Хотиррасон мекунем, ки президенти Беларус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" эътироф кард, ки шояд ӯ ҳамчун сарвари давлат "каме бештар нишаста" бошад.

Аммо, Лукашенко илова кард, ки ӯ наметавонад ҳоло курсии президентиро тарк кунад.

438
Барчаспҳо:
президент, Александр Лукашенко, Беларус

Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии тағйири номи минтақаҳо то ҳудуди ноҳияҳои Душанбе

341
(Таҷдидшуда 20:02 26.02.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард, ки дар он якчанд масъалаҳо матраҳ шуданд

ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Дар бораи баргузор шудани Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар он якчанд масъала баррасӣ шуд ва масъулин ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

"Дар соли 2019 майдони 706 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 421 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, майдони 586 гектар, аз он 302 гектар обӣ ба заминҳои корам ва 120 гектар, аз он 119 гектар партови обӣ ба дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст", - гузориш додааст Хоҷазода.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки бештар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин пешгирӣ карда шавад.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.

Инҳо - “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”,  “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, "Дар бораи чарогоҳ” ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мебошанд.

Дар кори маҷлис чор хулосаи Ҳукуматро “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Аъзои Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

Ҳамчунин пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод гуфта шуд.

Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд

Дар охири кори маҷлис раиси Ҳукумат ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, маъракаи кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.

341
Барчаспҳо:
президент, Маҷлиси ҳукумат, Тоҷикистон