Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев в Самарканде

Самарқанд чорумин шаҳри Ӯзбекистон фардо карантин мешавад

549
(Таҷдидшуда 13:04 27.03.2020)
Сар аз фардо дар Самарқанд, чаҳорумин шаҳри Ӯзбекистон бинобар сабаби паҳншавии коронавирус, вуруд ва хуруҷи ҳама намуди нақлиёти мусофирбар баста мешавад

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Самарқанд хабар дода, гуфтаанд, аз соати 6:00 санаи 27 март вуруд ва хуруҷ ба Самарқанд барои ҳама намудҳои нақлиёт, аз ҷумла автобусҳо, микроавтобусҳо ва мошинҳо баста хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд ҳамчунин дар соати шаши субҳ ҳаракати ҳама намуд нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр боз дошта хоҳад шуд.

Самарқанд чаҳорумин шаҳри Ӯзбекистон аст, ки бинобар хатари паҳншавии коронавирус дар карантин қарор мегирад. Аз 24 март дар Тошканд имрӯз дар Намангон ва фардо ҳамчунин Андиҷон вуруду хурӯҷи ҳама нақлиётро манъ карда, карантин эълон шуд.

Ёдовар мешавем, ҳукумати Ӯзбекистон аз 16 март то 30 апрел равуойи тамоми нақлиётиро бо кишварҳои дигар бинобар хатари паҳншавии коронавирус қатъ кард.

Дар пайи ин, тамоми чорабиниҳои оммавӣ бекор карда шуданд, муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд ва 23 март гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ пурра баста шуданд. Аз Ӯзбекистон ҳоло танҳо шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тариқи рейсҳои махсус берун раванд.

Нахустин нишонаҳои коронавирус дар Ӯзбекистон санаи 15 март дар як зан, ки аз Фаронса баргашт дарёфт гардид.

Бар пояи оморҳои ахир шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 65 нафар расидааст, ки вазъи саломатии чор нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад.

549
Барчаспҳо:
вирус, Самарқанд, Ӯзбекистон
Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане

Дар Тоҷикистон интихоботи президентии Белорус баргузор нашуд

44
(Таҷдидшуда 11:34 09.08.2020)
 Сафорати Белорус дар Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи президентии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор намешавад

 ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар иттилоияе, ки сафорат дар сафҳаи расмии худ ҷой додааст, омадааст, теъдоди шаҳрвандоне, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба 20 нафар намерасад, аз ин хотир, маркази раъйгирӣ дар сафорати Белорус дар Тоҷикистон эҷод нашудааст.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Имрӯз, 9 августи соли 2020, интихоботи раисҷумҳури Белорус баргузор мешавад. Шаҳрвандони Белорус метавонанд дар ин интихобот ширкат кунанд ва дар яке аз марокизи раъйгирии ташкилшуда дар хоки ин кишвар ва ҳамчунин теъдоде дигар аз кишварҳо раъйи худро диҳанд.

Мутобиқи кодекси интихоботи Белорус, афроде, ки ба синни 18-солагӣ расида ва дорои шиносномаи мӯътабари шаҳрванди ин кишварро доранд, метавонанд дар интихобот ширкат кунанд.

44
Молящиеся в защитных масках в мечети

Эрон аз мубтало шудани 2 ҳазор нафар ва фавти 132 кас аз коронавирус дар як рӯз хабар дод

81
(Таҷдидшуда 18:31 08.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари маризии коронавирус 132 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон 2 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 282 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 125 бемори нави мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Лорӣ бо баёни ин ки  маҷмуи беморони коронавирус дар Эрон ба 324 ҳазору 692 нафар расидааст афзуд, дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 264 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 282 ҳазору 122 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 20 миллион  нафар расидааст.

81
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте

Обшавии пиряхҳо ва фаромадани сел: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо

0
(Таҷдидшуда 12:31 09.08.2020)
Бино ба ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ, боду ҳавои гарми чанд рӯзи охир эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон боду ҳавои гарм дар Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон то рӯзи 9 август ҳарорати 40 дараҷаӣ боқӣ мемонад.

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

Танҳо дар ноҳияи дурдасттарини ВМКБ- Мурғоб ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чунин гармӣ боиси обшавии пиряхҳо шуда, сатҳи дарёҳоро баланд мебардорад ва эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад.

То 44 дараҷа: Ҳушдори Кумита аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда

Дар ҳудуди вилояти Суғд ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад.

0
Барчаспҳо:
пирях, гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ