Президент США Дональд Трамп

Трамп сабаби мубталошавии барзиёди амрикоиҳо ба коронавирусро шарҳ дод

1284
(Таҷдидшуда 12:35 27.03.2020)
Дар ҷаҳон феълан ИМА аз ҳисоби шумораи зиёди гирифторони коронавирус дар мақоми аввал қарор дорад. Кишвардори ИМА ин омилро шарҳ додааст

Душанбе, 27 март - Sputnik. ИМА аз ҳисоби теъдоди зиёди маризони коронавирус аз Чин ҳам пеш гузашт. Акнун дар ҷаҳон кишваре, ки шаҳрвандонаш аз ҳама беш ба ин маризӣ гирифторанд, ИМА мебошад.

Ин маълумотро донишгоҳи Ҷон Ҳопкинг мунташир намудаст.

Ба гузориши донишгоҳи мазкур, дар Амрико акнун 85,4 ҳазор нафар дардманди ин беморӣ гардидаанд, дар ҳоле, ки ин рақам дар Чин ба 81,3 ҳазор нафар баробар аст.

Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз ним миллион гузашт: ИМА дар ҷойи аввал

Аммо кишвардори Амрико Доналд Трамп мегӯяд, ки сабаби барзиёд сабт гардидани маризон дар Амрико, ин баргузории ташхиси оммавӣ мебошад. Чун дар ин кишвар ҳамаи шаҳрвандонро барои гирифтор будан ва ё набуданашон ба коронавирус аз ташхис гузаронданд.

Ахиран Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, рӯзи 11 – уми март маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Бар тибқи маълумоти СҶБ дар ҷаҳон беш аз 406 ҳазор нафар ба коронавирус мублато гардидаанд, ки аз ин миён зиёда аз 20 ҳазор дардманд фавтидаанд.

1284
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, Амрико

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

76
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъияти феълӣ дар роибта ба авҷи маризии коронавирус, рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъият дар робита ба маризии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Сомонаи Кремл хабар медиҳад, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия дар бораи вазъи феълӣ мулоқот баргузор намудаст.

Ба гуфтаи Путин, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ, назорат дар ҳар минтақа бояд пурзӯр карда шавад "ва дар сурати мушоҳида кардани тағйироти кӯчак дар робита ба авҷи коронавирус фавран бояд чораҷӯӣ кард".

232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз

Зимнан, раисҷумҳури Русия аз афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар манотиқи Забайкал шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар робита ба ин, Владимир Путин барои назорати вазъ дар ин манотиқ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои нав дод.

Бар  тибқи тозатарин маълумотҳо, дар Федератсияи Русия ба ҳолати 4 - уми июн 441 ҳазор дардмандони маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин маризӣ дар Русия 204 ҳазор бемор шифо ёфта, ҳамзамон 5384 нафар ҷон бохтанд.

76
Барчаспҳо:
маризон, вазъият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Денежные купюры

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

272
(Таҷдидшуда 17:03 04.06.2020)
Дар нимаи дуюми соли 2020 коҳишёбии назарраси рубл дар зери таъсири пастшавии нархи нафт интизор меравад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Дар ин бора дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шудааст.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Тавре ки Дмитрий Белоусов, роҳбари таҳлил ва пешгӯии равандҳои макроиқтисодӣ дар (ЦМАКП) шарҳ додааст, маҳдудиятҳои карантинӣ бояд дар тирамоҳ ва зимистони соли равон ба амал оянд.

Дар робита ба ин, интизор меравад нархи нафт хеле паст шавад.

Ба андешаи ӯ, аз семоҳаи чоруми соли 2020 то соли 2022, пули миллӣ ба ҳар як доллар тақрибан 87-91 рубл хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, то соли 2023 давраҳои бештар мусоид фаро мерасанд ва пули русӣ мустаҳкамтар гашта барои як доллар то 83-87 рубл баробар мешавад.

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи таҳлилгарон, доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.

272
Барчаспҳо:
нарх, коҳиш, арзиш, нафт, доллар, рубл
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

0
(Таҷдидшуда 19:40 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фуӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

0
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон