День 28 марта

Ҷашнҳои рӯзи 28 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

101
(Таҷдидшуда 07:58 28.03.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми март дар Чехия – Рӯзи муаллим ва дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ мебошад

Рӯзи 28 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1891 аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши вазнин баргузор гардид.

День 27 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1924 Ширкати нафтии Фаронса таъсис дода шуд, ки ҳоло яке аз бузургтарин ширкатҳои нафтӣ дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1930 Ҳизби комунистии Салвадор таъсис дода шуд.

Соли 2003 Шӯрои Амнияти СММ якдилона барои аз нав барқарор намудани барномаи «Нафт бар ивази хӯрокворӣ» барои Ироқ  овоз дод.

Рӯзи 28 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

Соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 қабул гардид.

Ссоли 2014 Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд.

Соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиш дар шаҳри Лоҳури Покистон ба Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем».

Ҷашнҳои рӯзи 28 март

  • Дар Чехия – Рӯзи муаллим.
  • Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ.

Рӯзи 28 март кӣ ба дунё омадааст

Мавлуда Абдуллоева (1942-2013) – забоншинос, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Алексей Бесперстов (1923-2001) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Маҳбуба Боҳирова (1946) – сароянда.

Саидҳаким Икромов (1943) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Кўҳёри Аршадниё (Чоршанбе Эрмуъминов) (1968)-шоир (Самарқанд).

Николай Монаков (1904 – 1985) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Авнер Муллоқандов (1911 – 1996) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Раҳматулло Раҳмонов (1963) – доктори илми тиб, профессор.

Суннатуллои Абдулло (1954)- нависанда.

Владимир Тарасов (1920- 1984)- муаррих, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Шавкати Муҳаммадӣ (1958)- киноактёр, публисист.

101
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Масоҷиди Маскав боз мешаванд: пӯшидани ниқобу дастпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист

54
(Таҷдидшуда 16:57 02.06.2020)
Шӯрои муфтиёти Русия санаи боз шудани дари масоҷид ба рӯйи намозгузоронро бо риояи тадбирҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризӣ эълон кард

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Интизор меравад сар аз 6 - уми июн дари масҷидҳои шаҳри Маскав ба рӯи намозгузорон боз шаванд, хабар медиҳад Шӯрои муфтиёти Русия.

Ба иттилои манбаъ, иҷозати кушодашавии масоҷидро пешвои руҳонии мусалмонони Русия муфтӣ Равил Гайнутдин эълон намудаст.

Зимнан, гуфта мешавад, ки ба намозгузорон танҳо дар сурати риоя кардани тадобирҳои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус, иҷозати дар масҷид намоз гузоштан дода мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки вуруди шаҳрвандони аз 65 - сола боло ба масоҷидҳо қатъиян манъ аст.

Ҳамзамон, ҳамаи намозгузорон бояд бо ниқоби тиббӣ ва дастпӯшӣ вориди толори намозгузорӣ шаванд. Инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ низ аз шартҳои асосӣ барои намозгузорон гуфта мешавад.

"Ба дуо бошед": муфтии Тоҷикистон дар бораи гирифториаш ба COVID-19

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари хуруҷи маризии сироятии коронавирус на танҳо равобити заминӣ ва ҳавоӣ миёни кишварҳо баста шуд, балки дари тамоми масҷидҳо ба рӯи намозгузорон маҳкам гардид. Аксари кишварҳо режими хонашиниро ҷорӣ намуданд.

Сар аз моҳи равон бештари кишварҳо маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо то андозае сабук намуданд.

54
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, масҷид, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

238
Феълан олимон дақиқ накарданд, ки чаро маризии коронавирус дар як қатор кишварҳо сабук мегузарад, аммо шаҳрвандони дигар давлатҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар доираи як мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон, коршинос Александр Мясников гуфт, ки коронавирус афзалияти гендерӣ, синну солӣ ва нажодиро дорад.

"Ин маризӣ дар вуҷуди занон нисбати мардон камтар хуруҷ кард. Ҳамзамон аксари кӯдакон бемориро бо сабукӣ паси сар карданд. Муайян гардидаст, ки назди 80 дарсади қурбониёнро афроамрикоиҳо ташкил додаанд", - афзудааст Мясников.

Коршинос тавзеҳ додааст, ки дар қаламрави Маскав аз ин маризӣ бештар қафқозҳо ва шаҳрвандони Осиё азият кашиданд. Эҳтимол, ин далел ба ҳузури сафедаи муайян дар таркиби хун бошад, ки хусусан ба формулаи вирус ҳассос аст.

Аммо Мясников таъкид кард, ки то ҳол олимон дақиқан муайян накардаанд, ки чаро маризии сироятии коронавирус дар як қисмат кишварҳо ба таври даҳшат мегузарад, вале дар кишварҳои дигар баръакс сабук ва бидуни талафоти бузург.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Александр Мясников мегӯяд, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин маризӣ ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ аст. Ба ақидаи ӯ тадобирҳои дигар барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ба мисли пӯшидани дастпӯш ва ниқоб на онқадар муасир ҳастанд.

238
Барчаспҳо:
Осиё, Қафқоз, шаҳрвандон, маризӣ, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дедушка в маске в городе Душанбе

Нигаронии Азимӣ аз бепарвоии бархе сокинон дар Суғд

0
Зайнура Азимӣ, муовини раиси Суғд бо сокинони маҳаллаҳои Суғдиён, Сайҳун, Дӯстии халқҳо ва Навбаҳори шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Азимӣ дар мулоқот таъкид кардааст, ки кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурият ва бе ниқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд.

“Ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани ҷамъшавии одамон, ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад, дар вазъияти имрӯза хатарнок мебошад. Масъулини шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати корандозии маъракаҳои фаҳмонидадиҳӣ фаъол бошанд. Қайд гардид, ки ба марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд оид ба гардиши хона ба хона ва ёрии амалӣ расонидан вобаста шудаанд”, - хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзудааст, ки тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст.

Духтурон бо корҷома ва дигар маводи беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хӯроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин мебошанд”, - таъкид шудаст матлаб.

Азимӣ дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ​ худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд.

0