Человек в защитной маске, архивное фото

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус : дар ИМА аз 100 ҳазор гузашт

936
(Таҷдидшуда 13:38 28.03.2020)
Шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. То рӯзи 28 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони коронавируси COVID-19 тақрибан ба 600 ҳазор нафар расида, ҳоло  597 267 касро ташкил медиҳад.

Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дирӯз аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашта, дар ҷои аввал қарор гирифт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 104 205 нафарро ташкил медиҳад.

Италия низ Чинро пас гузошта, ба ҷои дуюм баромад. Дар он то имрӯз 86 498 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати урупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 9 134 нафарро ташкил медиҳад.

Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 81 394 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 65 719, Олмон — 50 871, Фаронса — 32 964, Эрон — 32 332, Бритониёи Кабир — 14 543, Швейтсария — 12,928, Куреи Ҷанубӣ — 9 332, Нидерланд – 8 603,  Австрия – 7 697,  Белгия – 7 284,  Туркия – 5 698 ва Канада – 4 757 ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (9 134 нафар), Испания (5 138), Чин (3 295), Эрон (2 378), Фаронса  (1 995), ИМА (1 701), Британияи Кабир (759), Недерланд (546), Германия (351) ва Белгия (289) дохил мешаванд.

СҶБ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

936
Барчаспҳо:
ИМА, вирус, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (471)

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

196
Феълан олимон дақиқ накарданд, ки чаро маризии коронавирус дар як қатор кишварҳо сабук мегузарад, аммо шаҳрвандони дигар давлатҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар доираи як мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон, коршинос Александр Мясников гуфт, ки коронавирус афзалияти гендерӣ, синну солӣ ва нажодиро дорад.

"Ин маризӣ дар вуҷуди занон нисбати мардон камтар хуруҷ кард. Ҳамзамон аксари кӯдакон бемориро бо сабукӣ паси сар карданд. Муайян гардидаст, ки назди 80 дарсади қурбониёнро афроамрикоиҳо ташкил додаанд", - афзудааст Мясников.

Коршинос тавзеҳ додааст, ки дар қаламрави Маскав аз ин маризӣ бештар қафқозҳо ва шаҳрвандони Осиё азият кашиданд. Эҳтимол, ин далел ба ҳузури сафедаи муайян дар таркиби хун бошад, ки хусусан ба формулаи вирус ҳассос аст.

Аммо Мясников таъкид кард, ки то ҳол олимон дақиқан муайян накардаанд, ки чаро маризии сироятии коронавирус дар як қисмат кишварҳо ба таври даҳшат мегузарад, вале дар кишварҳои дигар баръакс сабук ва бидуни талафоти бузург.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Александр Мясников мегӯяд, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин маризӣ ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ аст. Ба ақидаи ӯ тадобирҳои дигар барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ба мисли пӯшидани дастпӯш ва ниқоб на онқадар муасир ҳастанд.

196
Барчаспҳо:
Осиё, Қафқоз, шаҳрвандон, маризӣ, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (471)
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

822
(Таҷдидшуда 13:01 02.06.2020)
Конор Макгрегори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 2  июн — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфтааст, ки қаҳрамони собиқи ду вазн Конор Макгрегор бори дигар шонси ба даст овардани унвон дорад, хабар медиҳад ESPN.

Уайт гуфт, варзишкори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни қаҳрамони UFC  Ҳабиб Нурмуҳаммадо ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад.

“Ман интизори набарди Гэтҷи ва Ҳабиб ҳастам. Мехоҳам бинам, ки он чӣ гуна ба поён мерасад. Пас аз он мунтазири муҳорибаи Конор бо ғолиби ин зӯрозмоӣ хоҳам буд",-гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, агар Нурмуҳаммадов  Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кунад, ӯ боз дубора бо Конор вориди майдон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018, варзишгарон дар Лас Вегас миёни ҳам зӯрозмоӣ доштанд. Дар ин набард Ҳабиб дар даври чорум конорро бо усули буғи кардан, шикаст дода буд.

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Пас аз шикаст, Конор такроран ба Нурмуҳаммадов таклифи рақобати ҷавобӣ ва ё реванш кард, аммо размикори доғистонӣ инро рад карда гуфт, ки варзишкори ирландӣ барои ӯ рақиби қавӣ нест.

822
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, майдон, ғолиб, зӯрозмоии размикорон, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Кӯдакон дар Тоҷикистон. акс аз бойгонӣ

100 долларӣ сари ҳар ятим: кумаки ҳармоҳаи Ҳилоли Аҳмар ба 500 ятим дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 16:04 02.06.2020)
Ҳилоли Аҳмар барои 500 ятими кулл дар Тоҷикистон кумаки ҳармоҳа ба маблағи 100 доллар таъйин кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Кӯмакпулии ҳармоҳаро ятимони кулл сар аз 4 - уми феврали соли ҷорӣ дастрас мекунанд.

Встреча заместителя Министра иностранных дел РТ с Главой Делегации Международной Федерации Обществ Красного Креста в Центральной Азии
© Фото : Пресс-служба МИД Республики Таджикистан
Бар хабари котиботи Ҷамъияти мазкур, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонданд, ки тибқи он сар аз  4 феврали соли 2020 ба 500 нафар ятим ҳармоҳа 100 доллари амрикоӣ бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, дода мешавад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки мӯҳлати созишномаи ҳамкорӣ як солро дарбар мегирад.

Хайрияҳои саховатмандону сокинони Хатлон ба маъюбону ятимон равона шудааст

Зикр мегардад, 500 ятими кулл, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.

Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба суратҳисоби ятимон ҳармоҳ интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
кӯдакони ятим, Ҳилоли Аҳмар, кумак, Тоҷикистон