Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото

Толибон бо артиши Афғонистон дар мубориза алайҳи коронавирус муттаҳид шуданд

999
(Таҷдидшуда 13:08 28.03.2020)
Чунин ба назар мерасад, ки тарафҳои ҳамҷавори Афғонистон маҷбуранд, ки аз душманӣ даст кашанд ва бо душмани умумӣ мубориза баранд

ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Толибон ба дунболи артиши Афғонистон маъракаи фаъоли мубориза бо коронавирусро оғоз карданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.

Дар минтақаҳое, ки тобеи Толибон мебошанд, силоҳбадастон ба паҳн кардани варақаҳои иттилоотӣ дар бораи мубориза бо коронавирус миёни шаҳрвандон шурӯъ карданд.

Толибон инчунин собун ва ниқобҳои тиббиро ба мардум тақсим мекунанд.

Ба гуфтаи сухангӯи ҷангиён, толибон айни замон дар бораи ҷудо кардани маблағ ба хазина барои таъсис ва фаъолияти марказҳои инфиродии ташхис ва табобат кор бурда истодааст.

Фирори 48 дардманди коронавирус аз бемористонҳои Афғонистон

Гузашта аз ин, толибон аз созмонҳои байналмилалӣ даъват намудаанд, то дар мубориза бо коронавирус ба мардуми афғон кӯмак расонанд.

Қобили зикр аст, ки Толибон сар аз 24 март ягон амалиёти ҷангӣ баргузор накарданд.

Ҳолдонҳо бар инанд, ки дар масъалаи сулҳ миёни толибон ва артиши Афғонистон шояд на Амрико, балки маҳз конавирус боис мешавад.

999
Барчаспҳо:
Толибон, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)

Русия қуллаи баландтарини авҷи маризии коронавирусро паси сар кард

344
(Таҷдидшуда 16:59 29.05.2020)
Пизишки бемориҳои сироятӣ Николай Малишев мегӯяд вазъи паҳншавии маризии сироятии коронавирус аллакай сабук шудааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Русия аллакай қуллаи баландтарини авҷи маризии коронавирусро сипарӣ кард, изҳор дошт профессор, доктори илмҳои тиб, пизишки бемориҳои сироятӣ Николай Малишев дар нишасти матбуотӣ дар Агентии байналмилалии иттилоотии "Россия сегодня".

"Мутахассиси бемориҳои сироятӣ вазъи паҳншавии маризии коронавирусро дар Русия нисбатан ором арзёбӣ кард".

Малишев тавзеҳ додааст, ки дар Русия қуллаи баландтарини авҷи ин маризӣ қариб ки набуд. Ҳукумати Русия дар қиболи авҷи ин беморӣ бисёр фаъол фаъол буд ва то андозае пешгузарӣ ҳам карданд.

Аз ҷумла, дар кишвар як қатор катҳо барои беморон муҳайё карда шуданд, то ки аз боло рафтани нишондиҳандаҳои беморшавӣ ва фавт пешгирӣ карда шавад, илова намуд Малишев.

Суръати сирояти коронавирус дар Русия коҳиш меёбад

"Мо аз ин вазъият шарафмандона баромадем", -  гуфт ӯ.

Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, то рӯзи 29 май дар Русия, 387,6 ​​ҳазор гирифтори маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан, 4,3 ҳазор беморон қурбонии ин маризӣ гардиданд.

344
Барчаспҳо:
маризӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Расул Бокиев

Сипоси муфтии Маскав аз Расул Боқиев барои кумакҳояш ба муҳоҷирин ва камбизоатону маъбон

428
(Таҷдидшуда 15:54 29.05.2020)
Илдар Аляутдинов, муфтии Маскав ба Расул Боқиев, паҳлавони шинохтаи тоҷик барои кумакҳояш изҳори сипос кардааст 

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Дар ин бора худи паҳлавон аксҳо аз дидору мулоқот ва сипоснома аз суи муфтии Маскав ба ӯ ҳадяшударо дар саҳфаи фейсбукияш гузоштааст.

Дар сипоснома навишта шудааст, ки Идораи рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия ба барандаи Ҷоизаҳои Бозиҳои олимпӣ, барандаи ҷоизаи Чемпионати ҷаҳон, Чемпионати ҷудои  Русия Расул Боқиев барои расонидани кӯмаки хайрия ба муҳоҷирон, собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ, маъюбон, кӯдакони оилаҳои камбизоат ва оилаҳои серфарзанд изҳори сипос кардааст.

Ин ниҳоди динии Русия ҳамчунин барои паҳлавон ва рушди мактаби ҷудои ӯ дар ин кишвар пешрафт ва шукуфоӣ таманно кардааст.

Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони маъруфи тоҷик Мураббии шоистаи Тоҷикистон Худойназар Боқиев аз варзишкорони шинохтаи кишвар буда 38 сол дошта, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.

Номбурда соли 2008 барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин ва  соли 2007 дар Рио-Де-Жанейро нишони биринҷии қаҳрамонии дунёро ба даст овардааст.

Расул Боқиев: Агар раҳбарони одил медоштем, ман имрӯз дар Тоҷикистон будам...

Паҳлавони шинохта, ҳамзамон солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 барандаи Ҷоми ҷаҳон ва 2009 қаҳрамони гуштии ҷудои Русия шуда буд.

Дорандаи унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон буда тайи чанд соли ахир дар Русия иқомат мекунад ва  соли 2015 дар Маскав барои омодасозии варзишкорони ҳирфаӣ “Мактаби гуштии Расул Боқиев”-ро ташкил кард.

428
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1068
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1068
Барчаспҳо:
Тоҷикистон