Градусник

Дархости роҳбари СҶБ: аз доруҳои таъйидношуда барои табобати коронавирус истифода накунед

914
(Таҷдидшуда 15:33 28.03.2020)
Ба маълумоти роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт маризии коронавирус то кунун беш аз ним миллион нафарро олуда ва қариб 20 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз тамоми кишварҳои олам дархост намудааст, то аз истифодаи доруҳое, ки барои табобати коронавирус таъйид нагардидаанд, худдорӣ кунанд, хабар медиҳад Reuters.

Бар хабари манбаъ, Тедрос Аданом Гебреисус дар ин бора зимни як конфронси хабарӣ дар шаҳри Женева ибрози назар намуд.

Ба маълумоти роҳбари СҶБ, маризии коронавирус то кунун беш аз ним миллион нафарро олуда ва қариб 20 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст.

Вай дар идома бар камбуди шадиди васоил ва лавозими беҳдоштӣ таъкид кард ва ин масъаларо яке аз "ҷиддитарин таҳдидҳо барои тавоноии ҷамъии мо барои наҷоти ҷони афрод донист.

Лукашенко: вақте коронавирус нест мешавад, ман ба шумо чизҳои аҷиб нақл мекунам - видео

Тедрос Аданом илова кард, ки  "Коркунони соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои камдаромад ва миёна шоистаи ҳимоят ҳастанд ва сарватмандон дар ин кишварҳо бояд аз онҳо ҳимоят кунанд.

Доктор Майк Риён, коршиноси калони Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтааст, ки  бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба тозагӣ гирифтори ин вируси ҳамагир шудаанд. Бархе дигар монанди Сингапур ва Чин низ акнун ба шиддат дар талошанд, то дубора ин беморӣ буруз накунад.

Ёдовар мешавем, ки маризии сироятии коронавирус бори нахуст авохири моҳи декабр дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва ҳоло бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт беш аз ним миллион нафар ба он сироят шудаву ҳудуди 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

914
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (471)

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

121
Феълан олимон дақиқ накарданд, ки чаро маризии коронавирус дар як қатор кишварҳо сабук мегузарад, аммо шаҳрвандони дигар давлатҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар доираи як мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон, коршинос Александр Мясников гуфт, ки коронавирус афзалияти гендерӣ, синну солӣ ва нажодиро дорад.

"Ин маризӣ дар вуҷуди занон нисбати мардон камтар хуруҷ кард. Ҳамзамон аксари кӯдакон бемориро бо сабукӣ паси сар карданд. Муайян гардидаст, ки назди 80 дарсади қурбониёнро афроамрикоиҳо ташкил додаанд", - афзудааст Мясников.

Коршинос тавзеҳ додааст, ки дар қаламрави Маскав аз ин маризӣ бештар қафқозҳо ва шаҳрвандони Осиё азият кашиданд. Эҳтимол, ин далел ба ҳузури сафедаи муайян дар таркиби хун бошад, ки хусусан ба формулаи вирус ҳассос аст.

Аммо Мясников таъкид кард, ки то ҳол олимон дақиқан муайян накардаанд, ки чаро маризии сироятии коронавирус дар як қисмат кишварҳо ба таври даҳшат мегузарад, вале дар кишварҳои дигар баръакс сабук ва бидуни талафоти бузург.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Александр Мясников мегӯяд, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин маризӣ ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ аст. Ба ақидаи ӯ тадобирҳои дигар барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ба мисли пӯшидани дастпӯш ва ниқоб на онқадар муасир ҳастанд.

121
Барчаспҳо:
Осиё, Қафқоз, шаҳрвандон, маризӣ, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (471)
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

765
(Таҷдидшуда 13:01 02.06.2020)
Конор Макгрегори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 2  июн — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфтааст, ки қаҳрамони собиқи ду вазн Конор Макгрегор бори дигар шонси ба даст овардани унвон дорад, хабар медиҳад ESPN.

Уайт гуфт, варзишкори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни қаҳрамони UFC  Ҳабиб Нурмуҳаммадо ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад.

“Ман интизори набарди Гэтҷи ва Ҳабиб ҳастам. Мехоҳам бинам, ки он чӣ гуна ба поён мерасад. Пас аз он мунтазири муҳорибаи Конор бо ғолиби ин зӯрозмоӣ хоҳам буд",-гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, агар Нурмуҳаммадов  Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кунад, ӯ боз дубора бо Конор вориди майдон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018, варзишгарон дар Лас Вегас миёни ҳам зӯрозмоӣ доштанд. Дар ин набард Ҳабиб дар даври чорум конорро бо усули буғи кардан, шикаст дода буд.

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Пас аз шикаст, Конор такроран ба Нурмуҳаммадов таклифи рақобати ҷавобӣ ва ё реванш кард, аммо размикори доғистонӣ инро рад карда гуфт, ки варзишкори ирландӣ барои ӯ рақиби қавӣ нест.

765
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, майдон, ғолиб, зӯрозмоии размикорон, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

0
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат буда, тибқи оморҳо он майли коҳишёбӣ дорад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор карда, гуфтааст, бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд.

Ӯ гуфтааст,  агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор.

Вазири тандурустӣ дар бораи омори маргумир ва табобаи аз ин беморӣ гуфтааст,  дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам,

“Фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”,-гуфтааст Абдуллозода.

Абдуллозода ҳамчунин дар посух ба танқидҳо ки чаро кишвар қарантина ҷорӣ накард,  гуфтааст: “Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад”.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, имрӯз барои табобати гирифторони ин беморӣ ҳама шароитҳо мавҷуданд ва дорувориҳо низ ҳаст,  ки новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо дастрас мегардад.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ,  пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти  гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем.

“Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”,-гуфтааст ӯ.
0
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллоев, табобат, омор, марг, вирус, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон