Ҷашнҳои рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 1 апреля
День 1 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи якуми апрел Рӯзи ханда буда ҳамзамон Рӯзи байналмилалии паррандагон мебошад. Дар ин рӯз соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи паррандагон қабул гардид

Рӯзи 1 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи паррандагон қабул гардид.

День 31 марта - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 31 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1964 дар Канада ба шаҳрвандон додани рақами ҳифзи иҷтимоӣ оғоз гардид.

Соли 1993 Қонуни ФР "Дар бораи сарҳади давлатии Федератсияи Россия" қабул гардид.

Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи "Огонек" нашр шуд.

Рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» таъсис дода шуд.

Соли 2009 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол»-ро қабул намуд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон нашри тазкираи нависандагони давлатҳои узви ИДМ оғоз гардид.

Соли 2010 дар Тоҷикистон барои дастрас намудани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷии ташрифоваранда нархномаи ягона ҷорӣ гардид.

День 30 марта - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 30 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: "Бо сипоси беандоза номаи ҳуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20-солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам. Бо изҳори ташаккури самимӣ ба Шумо барои таманниёти некатон мо низ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷонибаи ду кишвари дӯст, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносиву эҳтироми мутақобила фарогир аст, меболем".

Ҷашнҳои рӯзи 1 апрел

  • Рӯзи ханда.
  • Рӯзи байналмилалии паррандагон.
Лентаи хабарҳо
0