Хадж в Мекке

Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

2474
(Таҷдидшуда 18:31 01.04.2020)
Арабистони Саудӣ мегӯяд, ба қабули мусалмонон барои адои Ҳаҷ пурра омода ҳастанд, аммо кафолати бехатарии онҳоро дода наметавонанд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Аз ин рӯ ҳукумати Арабистони Саудӣ аз тамоми мусалмонони дунё даъват мекунанд, ки дар замони ҳассос, ки маризии коронавирус ҷаҳонро ба танг овардааст, аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунанд, хабар медиҳад шабакаи "Ал-Ҷазира".

Бар хабари манбаъ, Арабистон агар барои қабули мусалмонон омода бошад ҳам, вале кафолати бехатарии  зоиринро дода наметавонад.

Қаблан, маросими Ҳаҷи имсола ба авохири моҳи июл рост меомад. Вале бо зуҳур кардани ин маризӣ дар ҷаҳон, вазири Ҳаҷи Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки замони Ҳаҷро ба вақти дигар гузорад.

Овозаву дарвозаҳо: аз ошкор шудани як маврид дар Хуҷанд то бастани мактабҳо

Лағви маҳдудияти Ҳаҷ барои зоирин то ҳол номаълум боқӣ мемонад ва он аз чигуна сурат гирифтани вазъият дар ҷаҳон вобаста хоҳад буд.

Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.

Бар тибқи маълумоти ахир дар Арабистони Саудӣ, феълан 1500 нафар гирифтори маризии коронавирус буда, ҳалокати 10 нафар аз ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст.

2474
Барчаспҳо:
Ҳаҷ, Арабистони Саудӣ
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

72
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

72

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

180
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

180
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Дурӯғ аст: пизишкони тоҷик қайчӣ шудани маошашонро такзиб карданд

0
Кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон мактубе навишта, иддаоҳоеро, ки музди корашон қайчӣ мешавад, такзиб кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ мактуби саркушодае навиштаву иддаоҳои бархе нафаронеро, ки худро пизишк муаррифӣ карда, аз кам шудани маошашон дар давраи пандемия хабар медоданд, такзиб кардаанд.

Пизишкон изҳор доштанд, ки маълумотҳо дар бораи ба 300 сомонӣ кам шудани маоши кормандони соҳаҳои тиб ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳо паҳн мешавад, аз ҳақиқат дур аст. 

Ҳамчунин аз ҳисоби духтурону ҳамшираҳои шафқат дезинфексия шудани муассисаҳои тиббӣ ва харидории либоси муҳофизатиро дурӯғ гуфтаанд.

Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

Дар ин мактуб онҳо хабар додаанд, ки маоши кормандони тиб аз 840 то 1277 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Табибон афзудаанд, ки афзун бар ин, иловапулиҳо низ пардохт мешаванд.

Дар моҳи Рамазон бошад, аз ҷониби саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расидааст.

0