Даргузашти як тоҷик аз коронавирус дар Ню-Йорк

© AP / Ng Han GuanМедицинский работник делает тест на вирус
Медицинский работник делает тест на вирус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ солхӯрда ва зодаи Самарқанди бостон будааст. Вазъ дар Ню-Йорк то ҳол ваҳим арзёбӣ мешавад. Тоҷикистониён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввалин тоҷики қурбонии вируси корона хабар медиҳанд.

Дар Амрико як тоҷики солхӯрда дар пайи сироятёбӣ ба коронавирус даргузаштааст.

Тавре рӯзноманигори тоҷик, Аҳлиддин Салимов дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад, марҳум солхӯрда ва зодаи Самарқанди Ӯзбекистон будааст. 

Тоҷикистониён дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Дезинфекция улиц в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон: беш аз 15 ҳазор мубталои коронавирус беҳбуд ёфт

Аҳлиддин Салимов, ки худ муқими Амрикост, менависад, вазъ дар Ню-Йорк то ҳол ваҳим арзёбӣ мешавад.

"Аз хона берун намеравем", - менависад ӯ дар посух ба суоли як корбар.

Ӯ пештар дар сӯҳбат бо расонаҳо низ гуфта буд, ки паҳншавии босуръати коронавирус дар шаҳри мазкур нигаронкунанда аст. 

"Ду ҳафта мешавад, ки ба кор намебароям. Феълан, кор дар таксӣ бисёр хатарнок аст. Мусофирони гуногун савор мешаванд. Пештар як ронанда дар пайи сирояти вируси корона фавтида буд", - қайд кардааст вай.

Танҳо 30 март дар шаҳри Ню-Йорк 776 тан қурбони коронавирус шудаанд. Ин шумора рӯзи 1 апрел дар тамоми Амрико ба 865 нафар расид.

Дар умум бар асари ин беморӣ дар Амрико 3900 нафар ҷон аз даст дода, ҳудуди 190 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ дар сартосари ин кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Зимнан, расонаҳои кишвар аз 26 400 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз хабар доданд, ки ин нишондод бесобиқа мебошад.

Бо дастрасии маълумоти бештар фавран гузориш хоҳем дод.

Лентаи хабарҳо
0