Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

На аз Чин: Голикова гуфт, коронавирус ба Русия аз куҷо ворид шуд

© Sputnik / Evgeny Biyatov / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова
Заместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маризии сироятии коронавирус ба Русия аз Чин ворид нашудаст. Ба гуфтаи Татяна Голикова ин маризӣ ба Русия аз 73 кишвар ворид гардид

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Муовини сарвазири Русия Татяна Голикова зимни нишасти хабарӣ иттилоъ додааст, ки маризии сироятии коронавирус аз Чин ворид нашудааст.

Медицинский работник делает тест на вирус - Sputnik Тоҷикистон
Аз 241 ба 263: сабти 22 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон

Ба изҳори ӯ, аксар шаҳрвандони рус бар ин боваранд, ки вируси COVID -19 аз Чин ба Фередатсияи Русия ворид гаштааст, аммо ин фарзия комилан нодуруст аст.

Голикова изҳор доштааст, ки ин маризӣ аз 73 кишвар, аз ҷумла Италия, Испания, Фаронса ва Олмон ба қаламрави Русия ворид шудааст.

Фавти 9 мубталои коронавирус дар як шабонарӯз дар Русия

Бар тибқи маълумоти ироакардаи Голикова, дар Русия 808 ҳолат аз хориҷ ворид шудааст, 2854 ҳолат, аснои робита доштан бо нафарони сироятшуда, ишкор шудааст. 

Муовини сарвазир таъкид намудаст, ки бештари ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар пойтахт, шаҳри Маскав сурат мегирад.

Зимнан, теъдоди зиёди гирифторони маризии коронавирус дар ҷумҳуриҳои Ком ва Бурятий ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар Русия алъон 4731 мавориди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Зимнан, бар асари ин маризӣ 43 дардманд ба ҳалокат расиданд.

Лентаи хабарҳо
0