Коронавирус авҷ гирифт: нахуствазири Бритониё оҷилан бистарӣ шуд

© AP / Frank AugsteinБорис Джонсон
Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Бритониё, ки қаблан гуфта буд, гирифтонри коронавирус шудаасту дар хона зери қарантина қарор дорад, ахиран дар бемористон бистарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё оҷилан дар бемористон бистарӣ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манбаъ дар соҳаи тадурустии Бритониё.

Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд

Ба гуфтаи манбаъ, пизишкон тасмим доранд нахуствазири Бритониёро ба дастгоҳи танафуси маснуӣ (ИВЛ) пайваст намоянд.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи нахуствазири Бритониё ба хабарнигорон гуфт, таб ва сулфаи Борис Ҷонсон, ки гирифтони коронавирус шудааст ва вазъи саломатиаш чандон хуб нест, идома дорад ва ба ҳамин хотир пизишкон ба хулоса омаданд, ки ӯро дар бемористон бистарӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии ҳукумати Бритониё таъкид кардааст, ки нахуствазири ин кишвар аз бемористон бо ҳукумат дар тамос аст ва кори ҳукумати Бритониёро ба таври фосилавӣ роҳбарӣ дорад.

Хабари сироят ёфтани Борис Ҷонсон ба коронавирус санаи 27 марти соли равон эълон шуда буд.

Ин хабарро Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё шахсан  дар як паёмаш эълон карда буд.

Он замон Борис Ҷонсон гуфта буд, ки аломатҳои сабуктари коронавирусро эҳсос кардаву ба худҷудоӣ рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0