Люди в защитных медицинских масках в Италии

Тоҷикистон ба Италия 11 миллион ниқоб содир мекунад

625
(Таҷдидшуда 17:26 08.04.2020)
Ин тадбир дар доираи қарордоди имзошудаи ҳамкорӣ байни ширкати "Ҷавонӣ-и шаҳри Хуҷанд бо ширкатҳои итолиёвӣ амалӣ гардонида мешавад

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар иртибот ба хуруҷи COVID- 19  дар Италия ба ин давлати аврупоӣ 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот  намояд, хабар медиҳад "Ховар".

Ин тадбир дар доираи  қарордоди имзошудаи  ҳамкорӣ байни ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкатҳои итолиёвӣ амалӣ гардонида мешавад. 

Сардори шуъбаи  саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Абдурауф Пулодов гуфтааст, ки ҳоло корхонаи саноатии  "Ҷавонӣ"  аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.

Корхонаи саноатии "Ҷавонӣ" аз соли 1994 фаъолият дошта, дар он усули пурраи коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ширкати "Ҷавонӣ"  маҳсулотро дар асоси фармоиши бренди "Карьера"-и Италия  истеҳсол намуда, 95 фоизи  маҳсулоти тавлидотии корхона, аз қабили шим, нимшим ва ғайра,  ки  аз матои ҷинс дӯхта мешаванд, қаблан ба Италия содирот мегардид.

Худравҳои зиёд, бозорҳои кушода ва сокинони ниқобдор: шаҳри Кобул ҳангоми қарантина – акс

Ҳамзамон ширкати тавлидотии "Ҷавонӣ" дар Маркази савдои Тоҷикистон, собиқ универмаги марказӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе дорои нуқтаи фурӯши маҳсулоти тавлидотӣ мебошад. Инчунин маҳсулоти «Ҷавонӣ»  дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ муаррифӣ гардидаанд. Корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли давлатҳои аврупоӣ ҷиҳозонида шуда, дар он беш аз 750 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд.

625
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

280
(Таҷдидшуда 02:18 28.05.2020)
Вазорати дифои Амрико эълом кардааст, ки эҳтимол дорад зиёд аз 50 дарсади неруҳои амниятии Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи Нию-Йорк Таймз, Вазорати дифои Амрико - Пентагон ба далели шуйюи коронавирус миёни неруҳои амниятии афғон, амалиёти муштарак ва омӯзиши низомиёни Афғонистонро мутаваққиф карда ва ин мавзӯъ амалиёти алайҳи неруҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ-ро таҳти таъсир қарор додааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, бо вуҷуди таваққуфи амалиёти низомии муштарак, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин кишвар алайҳи неруҳои террористӣ идома хоҳад дошт.

Мақомоти Пентагон бар ин боваранд, ки 50 дарсади низомиёни Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Тибқи оморе, ки мақомоти Афғонистон санаи 25 май нашр карда буд, дар ин кишвар, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт.

Он замон гуфта шуда буд, ки аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

280
Барчаспҳо:
густариш, вазорати дифоъ, эҳтимол, вирус, Амрико, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Подпись документов

Таъсиси ордени "Саломатӣ" барои беҳтарин табибон дар Ӯзбекистон

107
(Таҷдидшуда 11:45 27.05.2020)
Ҷоизаи ифтихорӣ ба ӯзбекҳо, хориҷиён ва инчунин шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои барандагон маблағҳои пулӣ ва ҳамзамон  имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қарор дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (“Саломатӣ”) аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Гуфта мешавад, ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди системаи тандурустии кишвар, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа супурда мешавад. Онро метавон аз ҷумла хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ ба даст оваранд.

Нишон аз ду дараҷа иборат аст. Ордени дараҷаи I ба шахсоне, ки барои саҳми назаррас дар рушд ва такмили соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкамгардонии саломатии мардум, ордени дараҷаи II ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои мухталиф ва рафъи онҳо фаъоланд, мукофотонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳавасмандӣ ҳамзамон барандагонро маблағҳи пулӣ ва имтиёзҳо тақдим мешавад.

107
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

0
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

0
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон