Маккаи мукаррама дар Рамазон ҳам баста мемонад

© AFP 2023 / BANDAR ALDANDANIПустота охватила Каабу
Пустота охватила Каабу  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар пандемияи коронавирус дар сар то сари ҷаҳон каратин идома дорад. Мақомоти Арабистони Саудӣ ҳам эълон карданд, ки дар моҳи Рамазон низ дари масҷидҳои кишвар баста мемонад

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik.Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон доштанд, ки бинобар коронавирус тасмим гиритфтаанд маҳдудиятҳоро дар кишвар дар моҳи Рамазон низ идома диҳанд.

"Моҳи мубораки Рамазон дар ҷаҳони ислом аз охири моҳи апрел то охири моҳи май баргузор мешавад. Ҳоло дар мамлакат ҷамъ шудани гурӯҳҳои зиёди одамон иҷозат нест. Дар Арабистони Саудӣ баргузории намозҳои дастаҷамъӣ, инчунин боздид аз масҷидҳо мамнуъ боқӣ хоҳад монд", - менависад "Ховар".

Паломники в городе Медина - Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ дари масоҷиди Макка ва Мадинаро баст

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Абдул Алӣ изҳор дошт.

"Ҳама пазмони ҷамъомадҳои динӣ дар моҳи Рамазон шудаанд, аммо тадбирҳои андешидашуда то аз байн рафтани пандемияи коронавирус идома хоҳанд ёфт",- илова намуд Муҳаммад Абдул Алӣ

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ аз мусалмонон даъват карданд, ки омодагиҳоро барои адои ҳаҷ, ки имсол низ бинобар пандемияи коронавирус зери таҳдид қарор дорад, интизор шаванд.

Мақомоти ин кишвар мехоҳанд то ба эътидол омадани вазъи паҳншавии вирус интизор шаванд.

Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳод: ҳоҷиён пеш аз сафар ба Макка аз Самарқанду Бухорою Тошканд дидан кунанд

Рӯзи душанбе мақомоти Саудӣ аз ҷорӣ шудани маҳдудияти гаштугузори шабонарӯзӣ бидуни зарурат дар баробари Макка ва Мадина дар якчанд шаҳрҳои дигар,  аз ҷумла  пойтахт Ар-Риёз, Ҷидда ва инчунин шаҳрҳои Даммом, Заҳрон, Ал-Катиф ва Ал-Хобар, ки дар онҳо шумораи зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, эълон кард.

"Танҳо 50% аҳолӣ дар хона боқӣ мондаанд ё фаъолияти худро кам кардаанд. Аз ин рӯ, тасмим дар бораи манъи ҳаракат ба манфиати ҳама аст",- гуфта мешавад дар изҳороти намояндаи Вазорати корҳои дохилии Саудӣ.

Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 2605 нафар расида, 38 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва 551 нафар шифо ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0