Верующий молится, архивное фото

Фардо намози дастаҷамъонаи мусалмонони ҷаҳон алайҳи коронавирус баргузор мешавад

1290
(Таҷдидшуда 15:18 09.04.2020)
Роҳбарони динӣ аз тамоми мусулмонони ҷаҳон даъват намудааст, ки санаи 10 - уми апрел дастаҷамъона дар тамоми гӯшаҳои сайёра намоз бихонанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Муфтии Қазоқистон ба хотири раҳо шудани ҷаҳон аз маризии даҳшатбори коронавирус ба кулли мусалмонони ҷаҳон пешниҳод намудааст, то намози дастаҷамъонаро баргузор кунанд. Дархости муфтӣ дар сомонаи Раёсати рӯҳониёни мусулмонони Тотористон нашр шудааст.

"Роҳбари рӯҳониёни мардуми бародари Қазоқистон аз тамоми пешвоёни мазҳабии ҷаҳони ислом, устодони мадрасаҳо, хонандагони Қуръон ва тамоми уммати мусулмонон даъват ба амал овард, ки дар як вақт барои ҳама одамон намоз гузоранд", - омадааст дар хабар.

Роҳбарони динӣ пешниҳод кардааст, ки мусалмонони ҷаҳон, рӯзи 10 апрел дар тамоми гӯшаҳои сайёра дар робита бо таҳдиди маргборе, ки бар сари инсоният омадааст, дуо кунанд.

Гуфта мешавад, намози умумӣ баъд аз намози нисфирӯзӣ 10 апрел баргузор хоҳад шуд. Мусулмонони миллатҳои мухталифи ҷаҳон барои рафъ шудани маризии коронавирус аз Худованд ёрӣ ва раҳмат мепурсанд.

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Қирғизистон ба 280 нафар расид

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар кишварҳои мусулмонӣ бар асари коронавирус намози ҷумъа лағв шуда буд. Бо вуҷуди ин, масалан, дар масҷиди ҷомеъи Маскав оятҳои Қуръон шабонарӯз хонда мешаванд.

1290
Барчаспҳо:
мусалмонон, намоз
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

64
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

64
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

91
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

91
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

0
Мақомоти Тоҷикистон элон намудааст, ки аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия 680 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Санаи 29 май бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Маскав ба Душанбе баргардонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ бо ин парвози махсус 13 ҷасади шаҳрвандони кишвар ба Ватан интиқол ёфтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои иҷрои дастури раисҷумҳури кишвар доир ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

0
Барчаспҳо:
ҷасад, Ватан, баргардонидан, кишварҳо, Тоҷикистон