Российские туристы вылетели в Москву

Имрӯзу пасфардо не: коршиноси рус гуфт, ки кай эпидемияи коронавирус мегузарад

1143
(Таҷдидшуда 16:50 12.04.2020)
Ҳамагиршиноси рус Виктор Зуев дар бораи эҳтимоли паст шудани суръати паҳншави коронавирус дар Русия гуфт

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вирусшиноси рус, Виктор Зуев дар мусоҳиба бо Nation News гуфтааст, ки таназзули эпидемияи коронавирус ба тобистони ҳамин сол рост меояд.

Ӯ изҳороти як қатор коршиносони дигарро, ки гуфтаанд, авҷи аълои сироятшавӣ ба вируси корона ба мобайнҳои апрел рост меояд, тавзеҳ дода, қайд кардааст, ки ин пешбинии онҳо аз эҳтимол дур аст.

"Агар шумораи мубталоён рӯз то рӯз камтар мешуд, мо гуфта метавонистем, ки авҷи аълояшро паси сар карем. Аммо, вақте ки имрӯз вазъият муташанниҷ аст, аз фардо беҳбудиро интизор шудан, хандаовар аст", - қайд мекунад ӯ.

Вазир: барои роҳандозии қарантинаи саросарӣ дар Тоҷикистон асосе нест

Шумораи гирифторони коронавирус дар Расия ба 15 ҳазору 770 кас расидааст. Ин вируси ваҳим ҷони 130 танро рабуд. Пизишкон то кунун ба табобати  1291 беморро дастёб шуда буданд
Дар ҳамин ҳол, бештари коршиносони рус бар онанд, ки дар се ҳафтаи наздик эпидемияи коронавирус ба қулла аълояш мерасад.

1143
Денежные купюры

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

128
(Таҷдидшуда 17:03 04.06.2020)
Дар нимаи дуюми соли 2020 коҳишёбии назарраси рубл дар зери таъсири пастшавии нархи нафт интизор меравад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Дар ин бора дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шудааст.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Тавре ки Дмитрий Белоусов, роҳбари таҳлил ва пешгӯии равандҳои макроиқтисодӣ дар (ЦМАКП) шарҳ додааст, маҳдудиятҳои карантинӣ бояд дар тирамоҳ ва зимистони соли равон ба амал оянд.

Дар робита ба ин, интизор меравад нархи нафт хеле паст шавад.

Ба андешаи ӯ, аз семоҳаи чоруми соли 2020 то соли 2022, пули миллӣ ба ҳар як доллар тақрибан 87-91 рубл хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, то соли 2023 давраҳои бештар мусоид фаро мерасанд ва пули русӣ мустаҳкамтар гашта барои як доллар то 83-87 рубл баробар мешавад.

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи таҳлилгарон, доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.

128
Барчаспҳо:
нарх, коҳиш, арзиш, нафт, доллар, рубл
Протесты в США

Эътирозҳои густурда дар Амрико: пулис 4400 нафарро боздошт кард

46
Амрико пас аз фавти марди сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти кормандони пулис ба майдони шадиди тазоҳурот мубаддал гашт

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Садҳо ҳазор сокинони Амрико пас аз қатли Флоид марди сиёпӯсти амрикоӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ба гузориши "Форс", эътирозот аз шаҳри Миннеполис ва Миннесота оғоз шуд ва дар даҳҳо шаҳри дигари саросари Амрико густариш ёфт.

"Пас аз марги фаҷеи марди сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори полиси Амрико алайҳи ақаллияти рангинпӯсти ин кишвар табдил шудааст ва ҳамчунон идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи ин гузориш, садҳо нафар дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Миннасето ва дигар шаҳрҳои Амрико боздошт шуданд ва полис дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои муҳими Амрико алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода кард.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ҳамчунон сиёсати истифода аз зӯр ва саркӯби муътаризонро дар рӯзҳои ахир дар пеш гирифтааст ва бо нодида гирифтани хушунат ва рафторҳои табъизомези полиси Амрико, эътирозотро террористӣ хондааст.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки аз нерӯҳои горди миллӣ хостаам то ба теъдоди кофӣ дар иёлатҳои мухталиф мустақар шаванд.  Трамп гуфт, ки нахустин вазифааш ҳимоят ва дифоъ аз мардум ва кишвар буда ва хушунатҳои ахир иқдомоти террористӣ будааст.

46
Барчаспҳо:
боздошт, эътироз, Амрико
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Хушхабар: Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе аз маризони COVID - 19 орӣ шуд

165
Тамоми маризони COVID -19, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, шифо ёфта мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз орӣ шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе аз маризони коронавирус хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи маризони коронавирус, ки дар ин беморхона бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.  

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки дар чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил" ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

165
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон