Ба мағоза ҳам бо иҷозат: тартиботи нав дар Маскав

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВ Москве введен режим самоизоляции для всех жителей
В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз 15 апрел сокинони Маскав барои ба кӯча баромадан, бояд иҷозатномаи махсуси рақамӣ фармоиш диҳанд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар робита ба паҳншави коронавирус дар Маскав маҳдудуиятҳои нав ҷорӣ гардид. 

Бино бар қарори раиси пойтахт Сергей Собянин, дар шаҳр низоми нави вижа ҷорӣ мешавад: мувофиқи он, ба пойтахт танҳо ба воситаи иҷозатнома роҳ медиҳанд.

Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
"Ивермектин": олимон дору алайҳи коронавирусро пайдо карданд

Мувофиқи фармони раиси шаҳр, аз 15 апрел сокинони Маскав барои ба кӯча баромадан, бояд иҷозатномаи махсуси рақамӣ фармоиш диҳанд.  Дар ҳуҷҷати мазкур рамзи чоррақама қайд карда мешавад.

Дар он мӯҳлат, маълумот дар бораи соҳиби иҷозатнома ва мақсади сафари ӯ низ ҷой дода хоҳад шуд.

Мақомоти Маскав мехоҳанд се намуди чунин иҷозатномаҳоро ба истифода диҳанд: барои кор, барои ба қабули пизишк рафтан ва барои дигар эҳтиёҷот, ба монандиба  мағоза ё дорухона баромадан.

Намуди аввал, иҷозатнома барои берун баромадан барои корро танҳо як маротиба метавон фармоиш дод. Мӯҳлати истифодааш то 30 апрел аст. Иҷозатномаи тиббиро бошад, ҳар дафъа бояд фармоиш дод. 

Ба феҳристи намуди севуми иҷозатнома, ба мағоза рафтан, ба минтақаи дигар сафар кардан ва ба манзили  хешу наздикон рафтан, дохил мешавад. Он ҳам ҳамагӣ як рӯз истифода мешавад, аммо ин иҷозатномаро метавон танҳо дар ду ҳафта як маротиба ба даст овард.

Чунин иҷозатномаҳо ҳангоми ҳаракат дар дучархаву нақлиёти ҷамъиятӣ заруранд, аммо барои пиёда аз ҷо ба ҷое рафтан, лозим нестанд.

Вакцинация, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Кормандони давлатӣ, низомиён, рӯзноманигорон, муҳофизон, кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин тартиботи нав озоданд.

Иҷозаномаро метавон дар вебгоҳи шаҳрдории Маскав (mos.ru), ё тариқи паёмак ба рақами 7377 ва Хадамоти ягони маълумотдиҳии Маскав тариқи телефони +7 (495) 777-77-77 фармоиш дод.

Вазир: барои роҳандозии қарантинаи саросарӣ дар Тоҷикистон асосе нест

Гуфта мешавад, барои ҳаракат дар дохили Маскав бе иҷозатномаи мазкур то 30 ҳазор рубл ҷарима баста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0