Медицинский работник берет образец мазка для тестирования на коронавирус COVID-19

Омори гирифторони коронавирус дар ИМА аз ним миллион гузашт

384
(Таҷдидшуда 10:55 13.04.2020)
Шумори мубталоёни коронавирус дар Амрико ба шиддат афзоиш ёфта, теъдоди он шабонарӯзи гузашта аз ним миллион гузашт

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс гирифторони коронавирус дар ИМА ба 559 ҳазору 409 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун 22 ҳазору 71 нафар ҳалок шуда, 33 ҳазору 115 нафари дигар шифо ёфтаанд.

Гуфта мешавад, то кунун табибон дар ин кишвар 2,8 миллион ташхиси тести COVID-19 гузаронидаанд.

Ёдовар мешавем, ахиран дар сартосари  ИМА, бино бар паҳншавии босуръати коронавирус, вазъи изтирорӣ (major disaster) эълон гардид, ки чунин ҳолат нахустин бор дар таърихи ҳастии ИМА мебошад.


Қарор дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодаро дар сар то сари кишвар раисҷумҳур Доналд Трамп қабул кардааст.

Дар ин вазъ, иёлотҳои Амрико ва як қатор ширкатҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти иёлотҳои Амрико бояд тасмимҳояшонро бо Агентии федералии ҳолатҳои фавқулода ва қӯшунҳои ҳарбии ИМА мувофиқа кунанд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Амрико шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад: нархи чипта барои онҳо 1500 доллар аст

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

 

384
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, бемор, омор, вирус, Амрико
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
В ночном клубе, архивное фото

Шабнишинии блогери тоҷикистонӣ бо ситораҳои Русия дар замони авҷи COVID - 19 - видео

596
(Таҷдидшуда 16:28 03.06.2020)
Блогери тоҷикистонӣ Мадина Басаева ба маҳдудиятҳои замони авҷи коронавирус нигоҳ накарда шабнишинӣ доир кард

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Блоги машҳури Русия Мадина Басаева (Дина Исаева) қоидаҳои ҷоришудаи карантиниро нақз карда шабнишинӣ доир кардааст ва ситораҳои санъати Русияро ба он даъват намудааст, хабар медиҳад шабакаи "360".

Дискотекаро блогер ба муносибати рӯзи барояш бисёр муҳим - бештар шудани шумораи ҳамвандонаш дар TikTok, ки аз 10 миллион нафар гузаштааст, барпо намуд.

Ӯ ба қоиҳаои карантинӣ дар кишвар нигоҳ накарда ин шабнишиниро барпо кардааст.

Аз наворе, ки Мадина дар саҳифааш дар инстаграм нашр кардааст, дида мешавад, ки барои муборакбодии ӯ Дима Билан ва Клава Кока омадаанд.

Дар шабнишинии блогер ҳамчунин ҳамкори дигараш блогери тоҷикистонӣ - Sasha Masskva низ ҳузур дошт.

Аз афташ дар ин шабнишинӣ касе хавфи гирифторӣ ба коронавирусро надоштааст, чун аз видео дида мешавад, чигуна меҳмонон биидуни ниқоб, дастпӯш ва риояи масофаи иҷтимоӣ ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд ва рақс мекунанд.

Бояд гуфт, Мадина дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамроҳи хонаводааш аввал ба шаҳри Екатеринбург ва баъдтар ба Маскав кӯчиданд.

Дар аввал ӯ бо фонаграмма суруд мехонд ва ҳаргуна видеоҳоро дар саҳифааш нашр мекард. Баъдтар ӯ ба TikTok гуфзашту акнун Мадинаро маликаи TikTok дар Русия унвон кардаанд.

Ахиран ӯ дар намоҳанги сарояндаи рус Егор Крид нақш офарид ва бо ширкатҳои бонуфузи Coca-Cola ва Dolce & Gabbana шартномаи ҳамкорӣ баст.

596
Барчаспҳо:
шабнишинӣ, тоҷикистонӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Мужчина в защитной маске в городе Душанбе

СУТ аз ҷаҳиши дубораи "мудҳиш"-и коронавирус дар ҷаҳон ҳушдор дод

436
(Таҷдидшуда 14:26 03.06.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон то ҳол дар ҳамон сатҳест, ки аввали сол буд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ханс Клюге, мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бурузи дубораи коронавируси навъи нав ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вай, мавҷи дувум агар пешгирӣ нашавад, мудҳиштар хоҳад буд.

"Мавҷи дувум ногузир нест. Аммо бештари кишварҳо аллакай маҳдудиятҳоро мебардоранд, ки таҳдиди ҷаҳиши дубораи КОВИД-19-ро бештар мекунад. Агар пешгирӣ накунем, мавҷи дувум мудҳиштар хоҳад шуд", - таъкид кардааст намояндани СУТ.

Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд

Ханс Клюге афзудааст, ки вазъи паҳншавии коронавирус, то ҳол дар ҳамон сатҳест, ки аввали сол буд.

"Ҳоло низ на ваксин дорему ва роҳи муайни табобати коронавирус", - қайд кардааст ӯ.

Пандемияи коронавирус

Коронавируси навъи нав бори нахуст моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ошкор шуд. Уфунат зуд аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. 

То имрӯз дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 ба бештар аз 6 миллиону 263 ҳазор расид.

Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 846 ҳазору 813 кас шифо ёфтаанд ва 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд.

436

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0