Сабти 58 ҳолати нав: шумораи гирифторони коронавирус дар Афғонистон ба 665 нафар расид

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳолатҳои нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Афғонистон дар Қандаҳор, Кобул, Ҳилманд, Нимрӯз, Таҳор ва Қундуз ошкор шуданд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Афғонистон, дар як рӯз 58 мавриди нави сироятёбӣ ба коронавирус кашф шудааст, ки дар натиҷа шумораи умумии дардмандон ба 665 ҳолат баробар шудааст, хабар медиҳад Tolo News.

Мужчина на автобусной остановке в Куме, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Омори фавту шифоёбӣ аз коронавирус дар Эрон

Ба иттилои манбаъ, то ҳол 38 нафар аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурданд ва 21 маризи дигар ҷон бохтанд.

Намояндаи Вазорати тандурустии Афгонистон Ваҳидулла Маҳёр гуфт, ки ҳолатҳои нав дар Қандаҳор (28), Кобул (13), Ҳилманд (7), Нимрӯз (6), Тахар (3) ва Кундуз (1) ба қайд гирифта шудаанд.

“Ҳама зиндаем”: овозаву ҳақиқати хонаводаи Шодиевҳо дар Ҷаббор Расулов

Ҳамин тариқ шумораи умумии мубталоён дар Ҳирот имрӯз ба 280 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Афғонистон пешгӯӣ намуд, ки 80 дарсади аҳолии ин кишвар ба маризии коронавирус мубтало мегардадн.

Гузашта аз ин, вазорат тахмин зад, ки эҳтимолияти ҷон бохтани 110 ҳазор нафар бар асари сар задани беморӣ мавҷуд аст.

Қобили зикр аст, ки аввал вирус ба Эрон ворид шуда, баъдан сироят ба Афғонистон паҳн шуд. Аввалин ҳолати сироятшавӣ дар Афғонистн дар вилояти Ҳирот ба қайд гирифта шуд.

Лентаи хабарҳо
0