Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 15 апреля
День 15 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи понздаҳуми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии фарҳанг ва ҳамзамон Рӯзи донишҳои экологӣ мебошад. Дар ин рӯз соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст

Рӯзи 15 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1951 дар Лондон нахустин чорабинии интихоби "Зебосанами ҷаҳон" доир гашт.

Рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1985 нашриёти «Шарқи Озод» таъсис ёфт.

© Sputnik / Амир ИсаевГазетно-журнальный комплекс "Шарки Озод". Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Газетно-журнальный комплекс "Шарки Озод". Архивное фото

Соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

День 14 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 14 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокима тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуданд.

Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Адилбек Ҷаксибековро ба ҳузур пазируфт.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.

Соли 2014 дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он, инчунин корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел

  • Рӯзи умумиҷаҳонии фарҳанг.
  • Рӯзи донишҳои экологӣ.
Лентаи хабарҳо
0