Вакцинация против гриппа в Челябинске

Профессор гуфт кай алайҳи коронавирус ваксина пайдо мешавад

2434
(Таҷдидшуда 16:04 16.04.2020)
Имрӯзҳо беш аз 70 гурӯҳи пизишкон дар саросари ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус пажӯҳиш мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Доктори илмҳои тиб, профессор, пизишки сироятшинос Николай Малишев мегӯяд, ваксинаи зидди коронавирус на пештар аз ним сол пайдо мешавад.

"Ҳастанд, пажӯҳишҳо. Вале барои сохтани ваксина ним сол - ё як сол лозим аст", - гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ дар "Россия сегодня".

Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

Имрӯзҳо беш аз 70 гурӯҳи пизишкон дар саросари ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус машғуланд. Се антидот дар Чин ва Амрико феълан озмоиш мешавад.

Бино ба гуфти пизишк сохтани ваксинаи алайҳи коронавирус дар қиёс бо зуком мушкилтар аст.

Дар умум дар ояндаи наздик одамият бар зидди ин беморӣ масъуният пайдо мекунад ва мешавад вақте, ки бештари одамон дар хона табобат мегиранд, мегӯяд Малишев.

Ёдрас мешавем, ки дар Русия низ аз авохири моҳи март ба озмоиши прототипи ваксина оғоз карданд.

Интизор меравад, ки озмоиши ваксина шаш моҳ идома кунад.

 

2434
Барчаспҳо:
наҷот, Русия, вируси нав, профессор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото

Рӯҳонӣ: пинҳони мубтало шудан ба коронавирус таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон аст

64
(Таҷдидшуда 02:46 06.07.2020)
Раисҷумҳури Эрон гуфт, агар касе бидонад, ки ба вируси корона мубтало шудааст вазифаи шаръӣ ва инсонӣ дорад, ки ба атрофиёнаш иттилоъ диҳад ва худро қарантина кунад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ ахиран дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо вируси корона гуфт,  агар фарде мехоҳад вориди идорае шавад бояд аз ниқоби тиббӣ истифода кунад ва агар накард, набояд ба ӯ хизматрасонӣ карда шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки вуруди кормандон бидуни ниқоби тиббӣ ба идораҳо мамнуъ аст ва агар корманд дар идорае серодам бидуни ниқоби тиббӣ меояд, бояд барои ӯ фаҳмонанд ва ӯро баргардонанд.

Рӯҳонӣ афзуд, набояд иҷоза дода шавад, ки дар метро ва автобус мардум бидуни  ниқоби тиббӣ ворид шаванд ва вазири умури дохила ва ҳамаи шаҳрдориҳо талоши худро ба кор бигиранд ва ҳар ҷо лозим аст аз неруи интизомӣ ва басиҷ истифода кунанд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин афзуд, мавзӯи муҳим ва мавриди таъкиди мо аз рӯзи аввал ин буд, ки бояд худамонро бо ин шароит омода кунем  яъне аз рӯзи аввал гуфтем, ки ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест ва мумкин аст то охири сол ва ҳатто то соли оянда низ идома дошта бошад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, ки мардум бояд то замони тавлиди  дору ва ё ваксина барои муқобила бо ин беморӣ, фарзро бар ин қарор диҳанд, ки ҳама мумкин аст олуда бошанд ва лизо бояд дар иртиботи иҷтимоӣ бо ашхос, ниҳояти диққат ва эҳтиёти лозимро ба амал оваранд.

Ҳамзамон, вай бо ташаккур аз ҳамаи муҳаққиқоне, ки барои ёфтани дору ва ё ваксинаи ин беморӣ талош ва кор мекунанд, ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо идома ёбад ва ба натиҷаҳои мусбат бирасад.

64
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Ҳасан Руҳонӣ, ҳуқуқ, таҷовуз, вирус, Эрон

Марди ҳиндӣ барои ҳифозат аз коронавирус ниқоби тиллоӣ бо арзиши 4 000 доллар мепӯшад

2074
Ин мард мегӯяд, ниқоби тиллоиро пас аз он фармоиш дод, ки нафареро бо ниқоби нуқрагӣ дида буд. Ниқоби ӯ 2,5 кило вазн дорад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шанкар Кударе шаҳрванди Ҳиндустон бо арзиши 4 ҳазор доллар ниқоби тиллоӣ харида барои муҳофизат кардани худ аз коронавирус мепӯшад. Дар ин бора худи ӯ ба РИА Новсоти хабар додааст.

Сокини иёлати Махараштра изҳор доштаст, ки пас аз дидани нафаре бо ниқоби нуқрагӣ, хост барои худ айнан чунин ниқоб, вале тиллоиро фармоиш диҳад.

"Он замон дар сарам фикре дар бораи фармоиш додани ниқоби тиллоӣ пайдо шуд. Азбаски ман тиллоро дӯст медорам ва занҷирҳои тиллоро мепӯшам, қарор додам чаро ниқоби тиллоиро напӯшам? Сипас аз заргари маҳаллӣ хоҳиш кардам, ки барои ман ниқоби тиллоиро омода созад", - афзудааст Кударе.

Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Ниқоби ӯ 2,5 кило вазн дошта 3870 доллар арзиш дорад.

Ӯ мегӯяд, барои муҳофизат кардан аз маризии коронавирус танҳо пӯшидани ниқоб кумак намекунад. Аз ин рӯ, номбурда дар баробари бо ниқоби тиллоӣ ба кӯча баромадан, риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ фаромӯш намекунад.

Кударе мегӯяд, ниқобаш ӯро миёни мардум ва ҳамчунин ВАО шӯҳратёр кард.

"Вақте бо ниқоби тиллоӣ ба берун баромадам, диққати ҳамаро ба худ ҷалб кардам, зеро ин гуна ниқоб тамоман чизи нав аст ва ҳайрати одамонро ба бор овард", - мегӯяд вай.

Бар тибқи маълумоти ахир, дар Ҳиндустон 648 ҳазор нафар мубталои коронавиурс шуда, 18 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

2074
Барчаспҳо:
тилло, Ҳиндустон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
Раиси вилояти Хатлон ба аёдати маъб рафт

Раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби худ ба маъюби 26-сола панҷ ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод

0
(Таҷдидшуда 02:53 06.07.2020)
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон Хуҷамурод Хуҷаевро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, аёдат кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Хуҷамурод, ки сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аст ва ӯ 26 сол дорад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки айни ҳол сохтмони манзили истиқоматии нав барои оилаи Хуҷамурод бомаром идома дошта, аллакай марҳилаи бомпӯши хона ҷараён дорад.

“Давлат ҳеҷ гоҳ афроди имконияти ҷисмоиашон маҳдуд, ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад. Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯй шуда, Шуморо хонадор мекунем”, - қайд намуд зимни суҳбат бо Хуҷамурод Хуҷаев раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода пас аз мулоқот бо Хуҷамурод ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тақдим намуд.

Вай ҳамчунин ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки сохтмони манзили зисти Хуҷамурод Хуҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида шавад.

0
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, маъюб, Хатлон, Тоҷикистон